Бахшҳо

Мастураро кӣ сӯзонд: Хоҳаршӯй ё худаш?

Раҳмоналӣ Имомзода, прокурори ноҳияи Шаҳринав мегӯяд, таҳқиқи қазияи сӯзондани Мастура Аҳмедова, сокини 26-солаи ин ноҳия феълан идома дорад.

Имомзода, имрӯз, 15 апрел дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, феълан бозпурсиҳо идома доранд ва қарори ниҳоие қабул нашудааст.

Дар ҳоле, ки наздикони Мастура иддао доранд, ки ӯ аз ҷониби хоҳаршӯяш Малоҳат сӯзонда шудааст, аз идораи кор бо занони ноҳияи Шаҳринав ба “Озодагон” фарзияи дигари қазияро баён доштанд. Тахмина Холматова, мутахассиси Идораи кор бо занон дар ноҳияи Шаҳринав дар суҳбат ба “Озодагон” иброз дошт, ки қазия 26 март рух додааст. Холматова, ки ба омӯзиши масъала машғул будааст, изҳор дошт, ки бар асоси иттилои мо Мастураро на каси дигар, балки худ, худашро оташ задааст: “Малоҳат, хоҳари шавҳари Мастура як рӯз қабл аз ҳодиса ба шаҳри Душанбе меояд ва вақте кормандони ШКД-и ноҳия ба ӯ занг мезананд ва мегӯянд, ки дар ин кор даст дорад, ӯ аз ҳуш меравад”.

Дар баробари ин хонум Холматова афзуд, ки як рӯз қабл аз ин ҳодиса миёни Мастура ва хоҳаршӯяш нофаҳмие шуда будааст. Манбаъ инчунин аз нофаҳмиҳои Мастура бо шавҳараш Азизов.Ш хабар дода, гуфт, ки “ин ба мо оиди шавҳараш муроҷиат карда буд, вале мо рафта корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидем ва зиндагиашон хуб шуд. Аммо пас аз се-чор моҳ боз ҷангу ҷидол дар оила такрор шудааст. Он замон Мастура муроҷиат карда буд, ки шавҳараш ӯ ва фарзандонашро нигоҳубин намекунад”.

Фарзияи худсӯзӣ дар ҳолест, ки нашрияи “Оила” аз қавли Машҳура, хоҳари Мастура навиштааст, ки хоҳаршӯйи ҷабрдида пайваста барои хона бо ӯ муноқиша мекардааст. Бо навиштаи нашрия Малоҳат ғофилгирона ба сари Мастура, ки ба хобондани кӯдакаш дар гаҳвора машғул будаст, сӯзишворӣ рехта, оташ задаст. Машҳура апаи Мастура гуфтааст, давоми 15 рӯз, ки хоҳараш дар ҳолати вазнин дар беморхонаи рақами 3-и пойтахт бистарӣ аст, касе аз хонаводаи шавҳараш ба хабаргирии ӯ наомадаанд. Хонаводаи Мастура инчунин бо зикри хароҷоти зиёди табобат аз хайрхоҳон хоҳиши кӯмак кардаанд.


АКС аз cомонаи pressa.tj
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)