Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:27

Тағйироти кадрӣ дар низоми додгоҳии Тоҷикистон

18 апрел 2016, 18:38

Гиёзода Исмон Қурбон бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз вазифаи раиси суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе озод ва раиси суди шаҳри Душанбе таъин гардид. Ӯ дар ин мақом Садирзода Нусратулло Абдуллоро иваз намуд.

Дар фармони Президент далели аз вазифа озод шудани Садирзода “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфта шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, имрӯз ҳамчунин бо фармонҳои дигари Эмомалӣ Раҳмон -- Саидзода Гулбону Исуф аз вазифаи муовини раиси суди шаҳри Душанбе озод ва раиси суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таъин гардид: “Ваколати раиси суди ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Саидраим Абдураҳим бинобар вафоташ қатъ карда шуд. Раҳмонзода Саидалӣ Сабзалӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифи раиси суди ҳарбии гарнизони Душанбе озод карда шуд”.

Манбаъ меафзояд, дар робита ба тағйироти кадрӣ дар мақомотӣ судӣ оид ба бозхонд ва интихоб ба вазифаҳои муовини раиси Суди олӣ, раиси коллегияи Ҳарбии Суди олӣ, судяҳои Суди олӣ ва судяи Суди олии иқтисодии Тоҷикистон пешниҳодҳои Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд: “Ҳамчунин бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Зикриё ва Давлатзода Садриддин Хол муовинони раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Озодагон!!! Минбаъд ин мавзуъхоро чоивазкуни ном гузоред. Чунки дар кадрхои мо факат чойивазкуни вучуд дорад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!