Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 26 феврал 2017, 06:11

Муаллифи “генплан”: Дар хиёбони Рӯдакӣ камаш 15 бино ёдгории меъмориянд

28 апрел 2016, 16:16

Пажуҳишгоҳи давлатии шаҳрсозии Русия-“Гипрогор” бо фармоиши шаҳрдории Душанбе нақшаи генералии пойтахтро дар таҳрири нав таҳия карда, зарур хондааст, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ҳадди ақал 15 бино бояд ҳамчун ёдгорӣ ҳифз шаванд.

Дар нақшаи таҳриркардаи “Гипрогор”, ки соли 2010 ироа шуда, дар сомонаи шаҳрдории Душанбе нашр гардидааст, таъкид шудааст, ки “бебаҳс биноҳои нодири хиёбони Рӯдакӣ, ки ёдгориҳои меъморӣ мебошанд, бояд ҳифз шаванд. Чунин биноҳо дар хиёбони Рӯдакӣ на камтар аз 15 ададанд”.

“Гипрогор” дар феҳрасти ёдгориҳои меъмории хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе аз ҷумла номбар кардааст:

1.Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ (Меъморҳо: А. Юнгер, В. Голли, Д. Билибин)
2. Бинои ҳукумат, дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон (меъмор С.Анисимов )
3. Бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (меъмор С.Анисимов)
4. Бинои собиқи Китобхонаи Фирдавсӣ (меъмор С.Анисимов )
5. Меҳмонхонаи “Пойтахт” (меъмор Г.Айзикович, Г.Шелухин )
6. Краеведческий музей (меъмор А. Кнопмус )
7. Бинои Осорхонаи кишваршиносӣ (меъмор С.Кутин )
8. Бинои Академияи улуми Тоҷикистон (меъмор С.Кутин )
9. Бинои Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон (меъмор Д. Билибин, Г.Стрелков )
10. Чойхонаи “Роҳат” (меъмор. К.Терлетский, Д. Гендлин )
11. Бинои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (меъмор З. Розенфелд, К. Трапезников )
12. Хонаҳои истиқоматӣ бо коркаси чандирии хиёбони Рӯдакӣ (меъмор Афанасев, муҳандис В.Передерий )
13. Биноҳои истиқоматӣ дар рӯбарӯи Боғи Рӯдакӣ (меъмор Н.Баранов )
14. Хонаҳои истиқоматии кунҷи майдони 800-солагии Маскав (меъмор С. Юлдашев)
15. Бинои маҷмааи давлатии “Кохи Ваҳдат” (меъмор Э. Ерзовский, Ю. Пархов)

Ин таъкиди таҳриргарони нақшаи генералии Душанбе дар ҳолест, ки Нуралӣ Саидзода, муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон аввали соли равон дар шарҳи тахриби биноҳои шаҳрдории Душанбе, чойхонаи “Роҳат” ва ду театри бузургтарини Тоҷикистон - Лоҳутиву Маяковский гуфт, тибқи қарори совети вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 31 декабри 1971 таҳти рақами 408 ҳамагӣ чор бино дар Душанбе ба рӯйхати ёдгориҳои меъморӣ шомиланд: “Инҳо - бинои марказии Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Хонаи Ҳукумат, Бинои китобхонаи ба номи А. Фирдавсӣ, Театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошанд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!