Байни шӯрои амнияти миллии Эрон ва Русия дар ростои густариши ҳакориҳои ду кишвар тавофуқномаи ҳамкории стратегӣ ба имзо расид.
Ин санади ҳамкориро имрӯз дар Маскав моувини дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон Алии Боқирӣ ва муовини дабири Шӯрои амнияти милли Русия Евгений Лукянов имзо карданд.Пас аз имзои санади ҳамкорӣ Алии Боқирӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ин санад ҷиҳатҳои мухталифи ҳамкорӣ байни Шӯроҳои амнияти миллии ду кишвар дар заминаҳои амниятӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва иттилоотиро дар бар мегирад. Ин масъули эронӣ таъкид намуд, ки ҳангоми сафараш ба Маскав бо мақомоти мухталифи Русия мавзӯъи гузориши охири Ожонси байналмилалии энержии атомӣ дар бораи барномаи сулҳомези ҳастаии Эрон ва мавзеъе, ки дар баробари он гирифта шавад, ҳамчунин шакли ҳамкориҳои ду кишвар дар ин масъала гуфтугӯҳои судманд анҷом додаст. Ӯ аз ҷумла изҳор дошт: Яке дигар аз мавзӯъоти муҳими матраҳшуда дар дидорҳо тарҳи гом ба гом буд, ки дар мавриди он ҳам бо оқои Лавров, вазири умури хориҷаи Русия ва муовинонаш ва ҳам бо оқои Патрушев, дабири Шӯрои амнияти миллии ин кишвар ва муовинони вай баҳсу гуфтугӯ кардем.
Боқирӣ сафари чаҳоррӯзаи худ ба пойтахти Русия ва мулоқоту гуфтугӯҳояш бо масъулони ин кишварро барои густариши равобит ва ҳамкорӣ байни ду кишвар муфид ва созанда арзёбнамуд.
Мӯҳр