Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 29 май 2017, 20:24

Декани нави факултаи журналистика сомона таъсис дод

14 май 2016, 09:51

Факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сомонаи интернетии худро бо суроғаи www.journalism.tnu.tj фаъол кардааст.

Дар ин бора масъули сомона Фирдавси Низом, ба “Озодагон” иттилоъ дода гуфт, сомона дирӯз 13 май дар шабакаи интернет фаъол гардид.
Номбурда афзуд, таъсиси сайт аз чониби Саъдӣ Маҳдӣ, декани нави факулта роҳандозӣ шудааст.

Сомона аз ҳашт бахш асосӣ, садорат, илм, таълим, тарбия, студияи таълимӣ ва устодон иборат мебошад.

Ба гуфтаи Фирдавси Низом дар ҳоли ҳозир дар сомона матолиби марбут ба донишгоҳ, факулта, мақолаҳо ва китобҳои устодону донишҷӯён ба нашр мерасад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Рустам

  • 14 май 2016 21:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин аз аввалин ислохоту пешравии Саъди Махди нест. Устод аз лахзаи декан шуданашон корхои зиёдеро анчом дод, ки дигарон накарда буданд. Хамчунин, бовари дорем, ки ин аз охирин ислохоти эшон нест. Умедворем, ки дар оянда газетаи факултетро низ тшкил мекунад. Барор!
Посух додан
  • Ахмад

  • 15 май 2016 01:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Саъди Махди. Аз аввал мо бовар доштем ба ободкорихоятон. Ин кори хурде буд ки анчом додед. Корхои бузург дар пеш аст. Худо мададгор
Посух додан
  • Аброриддин аз Исфара

  • 17 май 2016 22:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовари доштам, ки факултаи журналистика ба комёбихо дастёб мегардад. Ин бовари аз лахзаи декани он таъин шудани Саъди Махди дар ман кавитар шуд. Устод! Хамин газетаи шахсии факултетро низ таъсис дихед. Шумо метавонед ку!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!