Бахшҳо

Life: Дар Хованск 4 тоҷикро куштаанд, 1 ҷасад гум шудааст

Вазорати умури дохилии Русия гуфтааст, иттилоъ дар бораи гум шудани ҷасади нафари 4-умро, ки гӯиё дар пайи тирпаронӣ дар қабристони “Хованское” кушта шудааст, таҳқиқ мекунад.

Хабаргузории Life аз қавли манобеяш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия изҳор доштааст, ки зимни муноқишаи Хованское 4 нафар кушта шудаанд: “Бар асоси хабарҳои расида, кушташудаи 4-ум низ зоҳиран шаҳрванди Тоҷикистон, марди 25-30-сола будааст, ки аз зарби тир ба ҳалокат расидааст. Ҷасади ӯро кормандони тиб, ки фаврӣ ба ҷои ҳодиса омадаанд, дидаанд. Аммо вақте пулис ҳозир шудааст, ҷасади нафари чорум дар ҷои муноқиша набудаст. Тибқи фарзияи пешакӣ ҷасади нафари чорумро наздикону ҳамватанон фавран барои гӯр кардан бурдаанд”.

Манбаъ дар шарҳи то беморхона нарасидани бархе аз маҷруҳон ва нопадид шудани гӯиё ҷасади нафари чорум, изҳор доштааст, ки эҳтимол дар нақзи қонун даст доштанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд аз кушта шудани шаҳрванди чоруми Тоҷикистон дар қабристони “Хованск” хабар надоранд. Сарвар Бахтӣ, сухангӯйи Сафорати Тоҷикистон дар Русия имрӯз, 24 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, оид ба қазияи қабристони “Хованск” намояндаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар Русия бо гурӯҳи муфаттишон дар тамоси доимӣ мебошад: “Агар ин хабар тасдиқ шавад, мо шуморо хабардор мекунем”.

Ҳамлаи хунин ба муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қабристони Хованское 14-уми май рух дод, ки дар пайи он 3 шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва беш аз 20 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Сабаби муноқиша талоши раёсати қабристон ва муштзӯрҳои мусаллаҳи чечену доғистонӣ барои ҳақситонии бештар аз муҳоҷирони тоҷик будаааст, аммо тоҷикон талабашонро рад карда, бо белу каланд зидди онҳо баромадаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)