Раҳойии Хадича Исмоилова аз маҳбас
Хадича Исмоилова, хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ бо қарори Додгоҳи олии Озарбойҷон аз маҳбас озод шудааст.
Хонум Исмоилова соли сипаришуда бо ҳукми Додгоҳи Боку дар тақаллуби молӣмуҷрим шинохта шуд ва барои 7,5 сол аз озодӣ маҳрум гардид. Аммо худи ӯ ва ҳомиёни ҳуқуқ ин парвандаро сиёсӣ унвон карданд. Ба иддаои ҳомиёни ҳуқуқи инсон, бо ин роҳ аз Исмоилова барои таҳқиқи мавридҳои фасодзадагии аъзои хонаводаи раисиҷумҳур Илҳом Алиев қассос гирифтанд.
Раҳойии Хадича Исмоилова дар ҳолест, ки се рӯз баъд Озарбойҷон аз Рӯзи Ҷумҳурӣ таҷлил мекунад ва бино ба иттилои дарёфтӣ қарор аст садҳо нафар афв шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |