Ман аз ин Гурӯҳ ҷонибдорӣ мекунам ва ба он шомил мешавам.
Ин нуктаро Ортиқи Қодир, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо хабарнигори «Озодагон» иброз дошт. Ортиқи Қодир гуфт: «Мо бояд ба мардуми рус расонем, ки ҳамон русҳое, ки дар замони шӯравӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, оё фаромӯш кардаанд, ки дар баёни тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ аз ҳама зиндагии осуда ва роҳатро дар Тоҷикистон доштанд? Агар бигӯем, ки Душанбе комилан шаҳри русҳо буд, хато намекунем. Вақти он расидааст, ки ба мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҷиддӣ расидагӣ шавад».
Ёдовар мешавем, иддае аз рӯзноманигорон ва рӯшанфикрон шоми 14 ноябр «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон»-ро ташкил доданд, ки ҳадафи он ҳали мушкили муҳоҷирон дар сатҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ба ҳамгироӣ водор сохтани ҳукуматҳои Русияву Тоҷикистон унвон мешавад.
Мӯҳр