Пешгӯии Академия: Вазъи буҳронӣ то 2018-19 идома меёбад
Профессор Лутфулло Саидмуродов, директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯяд, таъсири манфии буҳрон аз хориҷ ба иқтисодиёти кишвар то солҳои 2018-2019 идома хоҳад кард.
Саидмуродов, ин нуктаро имрӯз, 14-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон”, ки вазъи буҳронӣ дар кишвар то кай идома хоҳад дошт, таъкид кард.
Ӯ гуфт бар асоси таҳлилҳояшон феълан ҳам иқтисодиёти кишвар таҳти таъсири омилҳои буҳронии берунӣ қарор дошта, танҳо баъд аз соли 2019 иқтисодиёти Тоҷикистон метавонад аз таъсири манфии омилҳои беруна худро нигоҳ дорад. Тибқи пешгӯии олимони Академия рушди иқтисодиёти кишвар давоми солҳои 2016 -2020 6-7 фоизи солона ҳифз хоҳад шуд.
Ҷаноби Саидмуродов далели осебпазир будани Тоҷикистонро дар баробари буҳрони берунӣ ба номукаммалии сохтори иқтисодии кишвар рабт дода, илова намуд: “Президенти кишвар масъулинро вазифадор кард, ки иқтисоди Тоҷикистон аз аграрӣ-индустриалӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил дода шавад”.
Ӯ гуфт ин сохтор имкон медиҳад, ки таъсири омилҳои беруна бартараф карда шавад: “Мо низ барномарезӣ карда истодаем, ки то соли 2030 саҳми соҳаи саноат дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба саҳми соҳаи кишоварзӣ зиёдтар бояд бошад ва дар ин сурат мо метавонем иқтисоди кишварро аз омилҳои беруна нигоҳ дорем”.
Суҳбат аз идомаи таъсири омилҳои буҳронӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон тайи солҳои наздик дар ҳолест, ки имсол Тоҷикистон натавонист, нақшаи буҷаро иҷро кунад ва раисиҷумҳур ҳаҷми онро 450 миллион сомонӣ коҳиш дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |