Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 23 феврал 2018, 15:37

Э.Раҳмон хост қарзу грантгирӣ аз бунёдҳои исломӣ осону арзон шавад

2 август 2016, 11:23

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 2-юми август зимни Форуми 12-уми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ дар Ҷакарта кишварҳои пешрафтаи олами Исломро ба дастгирии кишварҳои ниёзманд даъват намуда, аз созмонҳои молиявӣ ва бунёдҳои исломӣ хост, қарзу грантдиҳиро осону фоизҳоро пасттар намоянд.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ҳузури сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои исломӣ ва роҳбарону коршиносони варзидаи ташкилоту созмонҳои бузурги минтақавию ҷаҳонӣ баргузор шуд, раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, имрӯз ҷаҳони муосирро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароии хатарзо ва низоъҳои этникию мазҳабӣ фаро гирифтааст: “Омилҳои мазкур суботи сиёсии минтақаҳои мухталифи оламро ҷиддан ноустувор гардонида, буҳронҳои иҷтимоӣ ва оқибатҳои иқтисодии манфии дарозмуддатро ба бор овардаанд. Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки миллионҳо нафар баҳри дарёфти ҳаёти осоиштаву субот иҷборан гуреза ва муҳоҷир шудаанд”.

Бо зикри ин вазъ Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имрӯз вақти он расидааст, ки вобаста ба шароити муосир механизмҳо ва шарту қоидаҳои ҳамкории муассисаву бунёдҳои молиявии исломӣ бо кишварҳое, ки дар марҳилаи рушди худ қарор доранд, бознигарӣ карда шаванд: “Тақозои замон аст, ки проседураҳои бонку бунёдҳо, бо назардошти зарурати васеъ гардонидани имкониятҳои ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ва паст кардани андозаи фоизҳои қарзҳои пешниҳодшаванда, содда гардонида шаванд”.

Нуктаи дигаре, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон ба миён гузоштааст, сатҳи гуногуни рушди кишварҳои олами ислом мебошад: “Ба ақидаи мо, бо мақсади ба равандҳои бӯҳронии глобалӣ ва чолишҳои дигари замони муосир тобовар гардонидани кишварҳои мусулмонии дар марҳилаи рушд қарордошта, бахусус мамлакатҳои маҳсур бо хушкӣ, таъсиси як бонк ё бунёди махсусгардонидашудаи исломӣ барои дастгирии молиявии онҳо зарур аст. Дар амалияи рафъи рушди нобаробар нақши кишварҳои пешрафтаи ҷаҳони ислом, ки таҷриба ва имкониятҳои фарохи молиявию сармоягузорӣ доранд, метавонад муассир бошад”.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон шароити сармоягузорӣ, 600 кони захираҳои табиӣ ва имкони истеҳсоли то 527 миллиард киловатт - соат нерӯи барқи обӣ дар Тоҷикистонро зикр карда, сармоягузорону давлатҳои исломиро ба ҳамкорию сармоягузории бештар даъват намудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • PATRIOT

  • 2 август 2016 15:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХОБ МИ ХОБ МИ КАМ КАМ МАДАХАМ БТЕН
Посух додан
  • Банкир

  • 2 август 2016 15:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як бому ду ҳаво!!!!!!! ислом баду кишварҳои исломӣ баду созмонҳои исломӣ баду, пулашон хубу ширин???????????????????????
Посух додан
  • Рустам

  • 3 август 2016 09:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Олй пешниходи хуб карданд. Вокеан хам бетар аст ки ба чойи маблаггузории террористон ба кишвархои эхтиёчманд сармоягузорй кунанд. Бе ин хам нафту гази мусулмонхоро абаркудратхо кашида бурда истодаанд. Холо ки нафту газ доранд муттахид шаванд ва дар он сурат хеч гуна террор лозим намешавад. Захирахояшонро бояд ба силохи фишор болои дигарон истифода баранд. Он захирахо абадй нестанд. Худованд барои имтихон нафту газашон додааст. Фардо ахволашон мисли кашшоктаринхо мешавад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!