Бахшҳо

Сарвазири Туркия: Ислом Каримов даргузашт (АКС)

Хабаргузори муътабари Reuters бо такя ба се манбаи худ аз даргузашти Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон хабар дод. Як дипломат ба ин пойгоҳи хабарӣ гуфтааст, “бале, ӯ мурд”.

Биналӣ Йилдирим, сарвазири Туркия дар Анҷумани ҳизби адолат ва тарақиёт, ки тавассути телевизион ба таври зинда пахш мешуд, аз марги Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон хабар дод. Йилдирим дар ин Анҷуман гуфт: “Президенти Узбакистон Ислом Каримов даргузашт. Бигзор Худо ӯро биёмурзад. Аз номи Ҷумҳурии Туркия ба мардуми Узбакистон изҳори ҳамдардии амиқ мекунам”.

Аз ин пештар кобинаи вазирони Узбакистон аз шадид шудани вазъи Ислом Каримов иттилоъ дода буд. Gazeta.uz навишт, дар иттилоияи кобинаи вазирон дар робита ба вазъи Каримов аз ҷумла омадааст: “Ҳамватанони гиромӣ, бо андуҳи гарон аз қалб хабар медиҳем, ки дар шаборӯзи гузашта дар вазъи саломатии президентамон тағйироти манфӣ рух дод. Ба қавли табибон он ҳамчун вазъи шадид баҳогузорӣ мешавад”.

Кабинаи вазирон ин хабаро субҳ дар ҳоле нашр кардааст, ки бархе аз расонаҳо, аз ҷумла пойгоҳи хабарии “Фарғона.ру” ва бахши узбакии радиои “Озодӣ” шоми дирӯз аз омодагиҳо ба ҷанозаи Ислом Каримов дар Самарқанд хабар доданд. Хабаргузории “Ройтерз” бо такя ба манобеи худ навиштааст, интизор меравад ҷанозаи Ислом Каримов рӯзи 3 сентябр эълон карда шавад.

Ба навиштаи расонаҳо Шавкат Мирзиёев, сарвазири ин кишвар дар рӯзи панҷшанбе вориди Самарқанд шудааст ва омодагиҳои лозимро барои ҷанозаи Ислом Каримов мегирад.

Дирӯз шабакаи ТВ "Центр"-и Русия иттилоъ дод, ки гуруҳи вижае аз табибони саршиноси Институти ҷарроҳии асаби Бурденкои Маскав барои табобати Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон ба ин кишвар сафар кардаанд. Сафари ин ҳайати табибони барҷастаи Русия дар ҳолест, ки дар рӯзҳои аввали бемории Ислом Каримов Лео Бокерия ҷарроҳи қалб ва аз пизишкони саршиноси ин ришта дар Русия барои муроқибат аз Ислом Каримов ба Узбакистон омада буд.

Ислом Каримов 78 сол дорад ва аз соли 1989 зимоми раҳбарии Узбакистон, кишвари истротежики Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад. 29 август ҳукумати Узбакистон аз беморӣ ва бистарӣ шудани Каримов дар бемористон иттилоъ дода буд.

Духтари Ислом Каримов, Лола Каримова-Тиллоева, ки яке аз меросбарони эҳтимолии ҳукумати падараш дониста мешавад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишта буд, падараш ба хунрезии мағзӣ гирифтор шудааст ва табибон вазъи саломатии ӯро муътадили вазнин медонанд. Дар пайи ин иттилоъ пойгоҳи хабарии “Фарғона” рӯзи дигар иттилоъ нашр намуд, ки Ислом Каримов даргузашт.

Баъдтар расонаҳои русӣ бо нақл аз манобеи худ дар ҳукумати Узбакистон ин иттилоъро бепоя хонданд. Аммо ҳукумати ин кишвар ва дафтари матбуоти Ислом Каримов то кунун ҳозир нашудаанд гузориши расмӣ дар бораи вазъи саломатии ӯро нашр кунанд ва ё вазъи феълии ӯро ба расона шарҳ бидиҳанд.

Аксҳои торнамои "Фарғона", ки мегӯяд, дар Самарқанд ба ҷанозаи Ислом Каримов омодагӣ гирифта мешавад

Сарвазири Туркия: Ислом Каримов даргузашт (АКС)

Сарвазири Туркия: Ислом Каримов даргузашт (АКС)


Аксҳои "Озодлик", ки аз ҳашари умумӣ дар робита ба марги Каримов хабар медиҳад

Сарвазири Туркия: Ислом Каримов даргузашт (АКС)

Сарвазири Туркия: Ислом Каримов даргузашт (АКС)



Мӯҳр
Рахмат озодагон. Радио Озоди хануз хоб аст.

муслим
ин мардуми узбека фахмидан душвор аст...Ислом Каримов расо як хафта пеш чон дода буд, якнун рузи вахдати миллиашон гузашт ба хок месупоранд..хо балохакой....худашона баномус мегиранде..

nabi farhor
ИННА ЛИ ИЛЛОХИ ВА ИННА ИЛАЙХИ РОЧЕЪУН.

Ҳама мемиранд лекин чихел мемуран мусалмон ё кофар мардуми Андиҷон дар интизорат Ислом Каримов

Абдурахим
Бечора кабри муйсафеда ба Экскватор кандестанеее

Dev
In mardaki "hub" se-chor ruz pesh favtida budu saroni uzbak biser kushish dorand vaktro beoseb guzaronand.Az murdani kase hursandi hub nest, vale behursandi meguyam,ki yake az dushmanoni ashadii tojik luchu urjon az dunjo raft.

222
Хай мурд Худо рахматш кна охи шумода чи

умед
ачоиб дигар чой нест, ки кабристонхоро када истодиаандТочик,

умед,
умед,
Чи балохои баде барои точик овард. К,ать намудани газ ва барк,и туркман дар фасли сармо ки боиси бемори ва фавти кудакон гашта буд, фаромуш намекунем. Кариб хамаи нокомихои Точикистонро ба Каримов нисбат додан мумкин аст: Зидди сохтмонхои ГЭСхо, таркондани рохи охан, катьи газ ва барк, блакадаи кишвар, бастани сархад, дахолат дар чанги шахиванди, минагузори дар сархад... . Канун ,ки рафти факат гуфтанием: Худо биемурзад!

Сагдиана
Ха <офтобро бо доман пушида намешавад>. Макомотхои кудратии Узбекистон дар бораи даргузашти раисчумхурашон ки бо сабаби бемор буданаш санаи 29.08 фавтида буд сукут карда буданд, ва хатто баъзе сомонахо ин хабарро рад карда буд ана хакикат руи об баромад. Мумкин онхо тасмим гирифта бошанд, ки маросими дафни И.Каримовро ба таъхир партоянд чун дар рузи 1уми сентябр иди истиклолият доштанд. Ба хар хол ба кулли мардуми Узбекистон хамдардии худро баен мекунем.

хамсоя
Гуристони кухнаро барояш хамвор мекунанд.
Аз ин ру маълум шуд, ки рузи чоршанбе ё пештар даргузаштааст.
Нокомихои Точикистон ба Каримов нисбат доранд, аз чанги мардуми сар карда.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)