Бахшҳо
06 сен 2016 10:26Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси БОР дар бораи бурду бохт ва калиди рушди Тоҷикистон

Чанг Чинг Ю, раиси дафтари Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон мегӯяд, давоми 4 соли кору зиндагияш дар Душанбе шоҳиди бурду бохтҳои иқтисоди кишвар шудааст.

Оқои Ю дар суҳбат бо “The FINANCIAL” ислоҳот дар шароити буҳрониро роҳи асосӣ барои пешрафти Тоҷикистон хондааст. Ӯ таъкид намудааст, ки ислоҳот барои беҳбуди фаъолияти соҳибкорон пойбандӣ аз хориҷаро кам карда, боиси ташкили ҷойҳои нави корӣ мегардад.

Намояндаи доимии БОР гуфтааст, соли 2015 барои ислоҳоту ҳимояти бахши хусусӣ 60 миллион доллар равона кардаанд: “Аммо бо вуҷуди ин ширкатҳо дар Тоҷикистон ба мушкилот мувоҷҷеҳ мешаванд ва ислоҳоти минбаъда бояд бо нерӯ ва суръати бештар амалӣ карда шавад”.

Чанг Чинг Ю мушкили аслиро дар он гуфтааст, ки ширкатҳои қонунан сабтшуда бо андозҳои гарон ва шеваҳои нодурусти ҷамъоварии андоз дучор мешаванд, ки ин дар навбати худ барои афзоиши фасодкорӣ мусоидат мекунад: “Аз ҷониби дигар ширкатҳои зиёде пинҳонӣ, бе пардохти андоз фаъолият мекунанд. Инчунин корхонаҳо ба маҳдудиятҳои асъорӣ ва камбуди таъмини нерӯи барқ дар фасли зимистон мувоҷҷеҳанд”.

Намояндаи БОР таъкид намудааст, ки лоиҳаҳои ниҳодашон барои таъмини ҳаёти беҳтари одамон ва пешрафти Тоҷикистон равона шуда, бо ҳукумати Тоҷикистон дар ин самт ҳамкории хуб доранд. Ӯ афзудааст, маблағгузории БОР ба Тоҷикистон дар шакли қарз, кӯмаки техникӣ ва грант баробари 1,4 миллиард доллари амрикоӣ шуда, ин ниҳод яке аз шарикони асосии рушди Тоҷикистон ба шумор меравад.

Чанг Чинг таъкид намудааст, ки Тоҷикистон имкониятҳои зиёди нодир барои пешрафтро дорад. Ӯ аз ҷумла соҳаи гидроэнергетика, куҳкорӣ, саноати хоҷагии қишлоқ ва саёҳиро мисол овардааст: “Барои рушди устувор дар шароити омилҳои тағйирёбандаи хориҷӣ Тоҷикистон бояд, муҳаррикҳои нави рушд, аз ҷумла ҷалби бештари сармояи хусусиро роҳандозӣ кунад. Мо ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон бовар дорем ва ҳамкориро барои амалӣ кардани зарфияту имкониятҳои ин кишвар идома медиҳем. Калиди ҳама дастовардҳо ислоҳот барои беҳтар кардани шароити кори бахши хусусӣ дар Тоҷикистон мебошад”.
Мӯҳр
бек
ширкатҳои қонунан сабтшуда бо андозҳои гарон ва шеваҳои нодурусти ҷамъоварии андоз дучор мешаванд, ки ин дар навбати худ барои афзоиши фасодкорӣ мусоидат мекунад: “Аз ҷониби дигар ширкатҳои зиёде пинҳонӣ, бе пардохти андоз фаъолият мекунанд. Инчунин корхонаҳо ба маҳдудиятҳои асъорӣ ва камбуди таъмини нерӯи барқ дар фасли зимистон мувоҷҷеҳанд”.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)