Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 17 декабр 2017, 05:36

Рейтинги ФИФА: Тоҷикистон дар мақоми 144

15 сентябр 2016, 17:52

Мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол дар ҷойи 144-ум қарор дорад.

Бар асоси рейтинги FIFA, ки имрӯз, 15 сентябр нашр шуд, мунтахаби Тоҷикистон бо 215 имтиёз мақоми моҳи қаблияшро ҳифз кардааст. Миёни кишварҳои Осиё Марказӣ Узбакистон пештоз аст. Ин кишвар бештар аз моҳҳои гузашта мавқеашро беҳтар карда, зинаи 49-умро муаррифӣ мекунад. Қазоқистон дар ҷойи 83, Қирғизистон дар зинаи 108 ва Туркманистон дар зинаи 116–уманд.

Дар садри раддабандӣ тими миллии Аргентина қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Белгия ва мақоми сеюмро Олмон соҳиб шудааст. Колумбия, Бразилия, Чили, Португалия, Фаронса, Уругвай ва Уэлс шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд.

Раддабандии ФИФА аз соли 1993 инҷониб ҳар моҳ таҳия мегардад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаб дода мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!