Бахшҳо

Радди хабари боздошти Тураҷонзода аз сӯи наздиконаш

Наздикони Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода, яке аз руҳониёни маъруфи тоҷик сару садоҳо дар бораи боздошти ӯро бепоя хондаанд.

Саҳифаи фейсбукии хонадони Тураҷонзодаҳо бо номи “Тураҷон” ахиран навишт: “Ассалому алайкум. Хонандагони гиромиӣ! Хабари боздошт шудани Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода (ҳафизаҳуллоҳ) дуруғ мебошад. Эшон (Алҳамдулиллоҳ) дар хонашон назди аҳлу оилаашон қарор доранд”.

Асри якуми октябр торнамои наздик ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон навишт, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода аз сӯи чор нафар аз манзилаш ба самти номаълум бурда шудааст.

Баъди рад шудани хабари боздошти Тураҷонзода, ин торнамо эълон кард, сабти гуфтугӯ бо манбааш дар мавриди боздошти ӯро доранд ва дар сурати комилан дурӯғ баромадани ин хабар онро пахш хоҳанд кард.

Ҳоҷи Акбари Тураҷонзода дар гузашта муфтии Тоҷикистон ва узви Раёсати Шӯрои олии Тоҷикистон буд. Баъди имзои созишномаи сулҳ муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон таъин шуда, баъдтар узви Маҷлиси миллӣ шуд. Аз соли 2010 бо хатми узвияташ дар ин ниҳод дар маснадҳои расмӣ фаъолият накард.
Мӯҳр
Агар ҳамун фейсбукдора шаташап карда бошанд маҷбӯр рад мекунад. Агар боздошт карда бошанд ҳам накарданд мегӯянд.

Бобои эшон ба Худо марди Худоед аз руи шумо нур меборад аммо качбинон вакте руи шуморо мебинад барги бед зор зор меларзад

Муродулло
Бед номи хамин мардака дигар нагиред. Нав фаромуш карда будем. Ранге ки аллергия мешавем... Монед хамон намузу рузаша гирифта гардад.

мехмон
Ин бузургвор шахси бехтарин хастанд. Ободии Точикистонанд. Хамин шахсро номашро нанависед. Ин рухонии шинохтаи муридонаш хаст на тамоми Чумхури!

хакикатро гу
хамчун олими Ислом бехтарину хубтарин дар чумхури лекин ин кас сиесатмадор нестанд. агар ягон кас гуяд ки ин одами хуб сабабгори хуни нохак шудаанд , ман хайрон намешавам. чунки аввалхои солхои навадум ин шахс дар арсаи сиесат шояд бисьер хатогихо доштанд. Онтарафашро Аллох хубтар медонадАхмад,

Худо эшон нигахдора барои мо Мусалмонхои Точикистон. Эшон барои мардуми точик пеш аз чанг ва бади чанг хидмат каданд. Одами тухматгар ва бахил эшона гапои бад меган.

мехмон
Озодагон номи Сангак Сафар, Турачонзода, Файзали Саид, Мулло Хайдар, Мирбобо Миррахим, Бури Бачабекович , Додочон, Бозор Собир , Гулрухсор , Рустами Абдурахим , Сафарали Кенчаев, Давлат Усмон ва дигар иштирокчиёни хам мухолифи хукумат ва хам тарафдори хукуматро дар маколахоятон истифода бурдед нисбати онхо чизе менависанд чоп кунед. Албатта ба гайр аз дашному хакорат.
Ин ашхоси дар боло зикршуда ба бисёрихо зарар расондаанд ва зиндагии бисёрихоро ба самти 90° тагир додаанд. Инхо буданд ки мо сарсону саргардон шудем. Ба хаминаш хам ШУКРОНА !!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)