Бахшҳо

Дуои Президент барои осудагии мардум дар оромгоҳи Ҳамадонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб имрӯз, 4-уми октябр оромгоҳи олим ва мутафаккири машриқзамин Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон “барои бақои давлату миллат, осудагии мардуми кишвар, ободии ватан ва пойдории сулҳу суботи сарзамин дуову фотеҳаи нек” намудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, “пеш аз истиқлолияти давлатӣ ба шахсият ва осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як гуруҳи хурди олимон ва донишмандон шиносоӣ доштанд, аммо баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вирди забони хурду бузург шуда, мақому мартабааш шуҳрати арзандаву сазовор пайдо кард”.

Раисҷумҳури Тоҷикистон инчунин мактаби рақами 34-и ҷамоати деҳоти “Даҳана”-и шаҳри Кӯлобро, ки бо харҷи 2 миллиону 398 ҳазор сомонӣ барои 624 нафар сохта шудааст, ба истифода додааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин сафар маркази хизматрасонии “Роҳи абрешим”- ро низ ба истифода додаст, аз ҷониби соҳибкор Табаралӣ Амрохонов бунёд гардидааст: “Маркази “Роҳи абрешим” дар шафати роҳи байналмилалии мошингарди “Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Кулма” бо маблағи 2 миллион сомонӣ қомат афрохта, дорои мағозаи фуруши шабонарӯзӣ, қаҳвахона ва тарабхона бо 150 ҷойи нишаст мебошад ва бо санъати баланди меъморӣ сохта шудааст”. Афзун бар ин раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҷараёни корҳои барқарорсозӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб шинос шудааст.
Мӯҳр
Искандар
Худован чаноби олиро дарпанохаш нигахбон бошад зодрузашон муборак.Чамоли хубруенро худо хам дуст медорад

Дуо хар кучое агар самими бошад, аввал Худо худаш, мустачоб мегардад. Аммо агар дуо дар сари кабр хонда шавад ва талаб карда шавад, ин бечунучаро самими аст, чун болои кабр инсон аз он дунё бештар фикр мекунад ва ба Худованд наздиктар мешавад.Бошад, ки ин гуна бошад ва дуои хайр,ки барои оромию серию пурии мардум аст, мустачоб гардад!
Дуои хайри мардуми точик низ ба Чаноб хамсафар ва умри дарозу саломати ва човидониашон болои сари мо аз даргохи Худованд талабгорем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)