Бахшҳо

Занги Мирзиёев ба Э. Раҳмон ва розигияш аз натиҷаҳои сафари Комилов

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 5-уми октябр бо Шавкат Мирзиёев, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Узбакистон сӯҳбати телефонӣ дошт.

Тибқи итилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум роҷеъ ба масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон мубодилаи афкор анҷом дода, ба дурнамои рушди онҳо таваҷҷуҳ намуданд: “Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрузаш самимона табрик намуд”.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки зимни суҳбат аз натиҷаҳои сафари кории ахири вазири корҳои хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов ба Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Ахиран Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Абдулазиз Комилов масоили обу энержӣ, ҳамлу нақл, сафари тарафайни шаҳрвандон ва амнияту тиҷоратро баррасӣ карда буд: “Ҷонибҳо изҳор доштанд, соҳаҳо барои ҳамкорӣ хеле зиёданд ва талоши ҳар ду ҷонибро талаб мекунанд. Ниҳодҳои дахлдори ду кишвар бояд фаъолияти муназзам анҷом диҳанд, то робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Узбакистонро ба масири нав бароранд”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки муносибот бо Узбакистон дар сиёсати хориҷии давлат аз авлавият бархӯрдор аст: “Муносибатҳои хуби ҳамсоядорӣ дар заминаи эҳтирому манфиати тарафайн ва анъанаҳои таърихӣ бояд таҳким ёбанд”.

Ҷонибҳо дар мадди аввал зарур хондаанд, ки ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ густариш ёбанд, то барои ҳамкориҳо дар соҳаҳои дигар заминаи хуб муҳайё шавад. Зимни ин мулоқот инчунин масоили обу энержӣ, ҳамлу нақл, сафари тарафайни шаҳрвандон баррасӣ шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ва Комилов изҳор доштаанд, ки Тоҷикистону Узбакистон бояд дар ин самтҳо ҳамкории созандаро пеша кунанд.
Мӯҳр
Зинда боши Пешвои миллат! Ба пеш! Факат ба пеш! Мо ба Шумо бовар дорем!

тарзан
албатта ин кадами аввалин мебошад.худо хахад хамааш нагз мешавад..

патриот
Зинда бод дус тии халкхо

Ин як нишонаи дустиву рафокат байни ин ду кишвари хамсоя мебошад

Мухочир
Ин як икдоми хубе хаст аз тарафи Рохбарони ду давлати хамдин, мо аз ин икдом хело хушнудем чунки узбекон хамсояи наздики моанд, бисйор урфу одатхои мо якрангастанд,дуогу хастем ки оянда мамониятхо аз байн бардошта шуда дустии мо кави гардад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)