Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 21 октябр 2017, 11:52

Буйнов ба тоҷике, ки сагашро пайдо кард: Тоҷикон бузурганд

6 октябр 2016, 09:53

Александр Буйнов, овозхони маъруфи рус мегӯяд, саги гумшудаи ӯро муҳоҷири тоҷике бо номи Акбар пайдо кардааст.

Ин ҳунарманди Русия 5 сентябр дар саҳифаи расмии “Инстаграм”-аш навишааст, саги 15-солаи ӯ ҳангоми сайругашти шабона аз дасти хизматгор гурехтааст: “Дар зери борон то соати 2-и шаб кофтам. Ноумед ба як қаҳвахона сар задам ва ҷавоне гуфт шумораи телефонатро бидеҳ. Дар сурати пайдо кардан занг мезанам”.

Буйнов менависад, соати 4:30 ба ӯ занг задаанд: “Зоҳиран саги шумо пайдо шуд. Монанди сарбоз аз рахти хоб ҷаҳидам. Расидам. Ҷавони тоҷик сагамро дар курткааш печондааст. Мегӯяд, сармо хурдааст. Офарин ҷавони тоҷик”.

Александр Буйнов бо изҳори ташаккур аз Акбар навиштааст: “Ӯ саги маро барои пул накофт ва гирифтан ҳам нахост. Акбар, яъне бузург. Ташаккур! Тоҷикон ҳамин гунаанд”.


Буйнов ба тоҷике, ки сагашро пайдо кард: Тоҷикон бузурганд


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ф

  • 6 октябр 2016 10:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Як соли умри саг бо 7 соли умри инсон баробар аст. Яъне ки саги 15 солаи Буйнов агар инсон мебуд 105 сола мебуд. Ба фикрам сагаш чавонтар аст.
Посух додан
  • Muhojir

  • 7 октябр 2016 18:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Un saga tojik namejoft ki mejoft? Tojik hub medonad kadom sag dar kujost.Holo zamonest,ki tojiki yak vaktho nomdor az sag ham purmashomtar ast.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!