Бахшҳо

Сафири Амрико дар Тоҷикистон: Маҷбурам, ки ҳамеша муҳофизҳоямро бо худам дошта бошам...

Элизабет Миллард, сафири Амрико дар Тоҷикистон дар як суҳбат бо нашрияи амрикоии “The Alexandria Times” аз вазъи амниятӣ, кору зиндагӣ ва табиати Тоҷикистон гуфтааст.

Бо ишора ба вазъияти амниятии Тоҷикистон сафир таъкид намудааст, сахтарин чиз барояш амният мебошад, “чун вазъи амниятӣ каме ғайри қобили пешгӯӣ аст”. Ба гуфтаи хонум Миллард, чунин авзоъ танҳо хоси Тоҷикистон набуда, “дар бисёре аз ҷойҳо чунин аст”. “Сафири Амрико як мақоми баланд аст ва ман маҷбурам, ки ҳамеша муҳофизҳоямро бо худам дошта бошам. Ман онҷо мошини шахсиямро намеронам ва ҳарҷое, ки меравам маъмулан чандто аз муҳофизонам бо ман ҳастанд”,-шарҳ додаст Элизабет Миллард.

Вай дар идомаи ин суҳбат гуфта, Сафорат муроқиби амнияти марз бо Афғонистон ва ҳаққи ҳокимият аст ва инчунин таъкид намуда: “Чолишҳое чун ифротгароӣ, бемории HIV ва тамоюл барои дидани демократияи бештар тавозуни зариф мехоҳанд”.

Сафири Амрико дар Тоҷикистон дар робита ба гуфтаҳои боло афзудааст: “Бояд аз дипломатия кор гирифт, ки бахше аз бозӣ аст. Фикр мекунам, хеле аз суҳбатҳои сахти мо ба таври хусусӣ сурат мегиранд ва пахш намешаванд. Инҷо эҳсоси мо дар миён нест. Суҳбат сари натиҷа ва гирифтани натиҷаи беҳтар аст. Роҳҳое вуҷуд доранд, ки мо метавонем бо тоҷикҳо корҳоеро анҷом диҳем, ки онҳо ҳам мехоҳанд. Баъзан суҳбатҳои хусусие сари баъзе аз чизҳо сурат мегиранд, ки мо фикр мекунем ниёз ба беҳтар шудан доранд”.

Ин дипломати амрикоӣ дар поёни суҳбати худ табиати Тоҷикистонро “фавқулода зебо” гуфта, онро тақрибан ба Швейтсария монанд кардааст: “Куҳҳои шигифтангези барфпӯш дорад. Ман дар рӯзҳои истироҳат куҳнавардӣ мекунам. Кишварест, ки дарёҳо ва пиряхҳои зиёд дорад, ки дар ҳолати об шудан ҳастанд”. Ба гуфтаи ӯ, рӯзҳои аввали ба Тоҷикистон омадан ҳамчунин дучори “шоки фарҳангӣ” шудааст.

Элизабет Миллард моҳи январи соли равон ҳамчун сафир вориди Душанбе шуд. Бино ба иттилои Сафорати Амрико дар Тоҷикистон хонум Миллард дипломати ҳирфаии Хадамоти дипломатии Амрико буда, дорои рутбаи баланди Мушовир-фиристода мебошад: “Ҳангоми адои вазифа дар Ҳиндустон ва ба ҳайси муовини роҳбари намояндагӣ дар Қазоқистон, ва адои чанд вазифа дар Шӯрои амнияти бехатарӣ, минҷумла ба ҳайси директор ва ёрдамчии махсуси Президент оид ба масоили Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, таҷрибаи бой ва дониши кофӣ марбут ба ин манотиқ ба даст овардааст”.

Элизабет Миллард фаъолияти дипломатии хешро аз соли 1992 шурӯъ намуда, дар Касабланка, Копенгаген, Катманду, Прага фаъолият кардааст ва якчанд вазифаи дохили давлатиро низ бар дӯш доштааст: “Қабл аз фаъолияти дипломатиаш, Сафир Миллард ба ҳайси ҳамоҳангсози лоиҳаи Делфи Интернэшинал, мутахассиси лоиҳаи USAID дар Ню-Дели, корманди бонки “Континэнтел Иллинойс Нейшнл Бэнк энд Траст Компани” дар Манамаи Баҳрайн адои вазифа намудааст”.

Хонум Миллард соли 1978 соҳиби дараҷаи бакалаври илмҳои иқтисод аз Мактаби иқтисоди Лондон гашта, соли 1981 дараҷаи магистраро аз Мактаби тадқиқоти махсуси байналхалқии Донишгоҳи Ҷон Хопкинс соҳиб гаштааст. Барои фаъолитяи кориаш чанд маротиба соҳиби мукофотҳои Департаменти давлатии ИМА гардидааст. Ӯ ба забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, шведӣ, даниягӣ ва каме бо забони рӯсӣ ҳарф мезанад.

Миллард дар мақоми сафири ИМА дар Душанбе Сюзан Эллиотт ро иваз кард, ки аз моҳи октбяри соли 2012 дар ин курсӣ менишаст.
Мӯҳр
мехмон
Хонум сафир! Норохату ноамн бошед мархамат РОХИ САФЕД !!! Cood bai !!!

4 000 000 духтари точик бе ахрана мегарда ичи гап намешава. Аку ами т кампири пира ягон кор мекнан...

Дар точикон як маколи хуб хаст, ки "дузд хамеша аз хонаи худаш дар хавотир аст".

апаи азиз мо магозаи фуруши ярок мисли давлати демократии шумо надорем бепарво гаштан гирен.........

мехмон
Банда,
Ха ха ха !!

МУҲОФИЗ ҲДМАН ДАРКОРАЙ ШМОДА.ТОҶИКИСТОНРО АЗ РУСИЯ ВА ЭРОН ТАҲДИД МЕКУЕНАН БО АМЕРИКА ҲАМКОРИ НАКУН.АМЕРИКА СИЁСАТИ ХУБДОРА ДАВЛАТОРА ПЕШРАФТ МЕКНА МАН ШОДАМКИ ТОҶИКИСТО БОШМО ҲАМКОРИ ХУБДОРА.РУСИ ЭРОН ДАВЛАТОИ БАХЕЛАН.МАНФИЯТ ХУДАШОНРО АНДЕША МЕКНАН.ХУШОБАХТ БОШИ САФИР АМРИКО.БО МУҲОФИЗ БИГАРДЕД ХУДО НИГАҲБОНТОН БОША

Форситоҷик,
Az baroi khudo dar bikini Afgoniston budanu amnu rohat zistan nonsens ast va hamin nonsens Tojikiston/ Charo ki digar hamsoyahoi Afgonistona nameguyand. Az rui odobi diplomati ne khonum diplomat. Muhofizonaton boshad terminator nabudagistan. Doimo sihatu salomat boshed va baroi rushdi munosibatho khizmat namoed khonum SAFIR/

точик
Форситоҷик,
рост мегуи, амрико афгонистону ирок, либиеву сурияро пешрафт кард)). ту мехохи, ки мо низ мисли ин кишвархо "пешрафт" кунем?)). Максади амрико нотинч кардани вазъият дар осиеи маркази аст, бар зарари Русияву Чин!! Амрико максад дорад минтакаи моро ба хоку хун кашад! Маълум аст, ки саводи кифои надори

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)