Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 21 май 2019, 19:29

Нокомии футболбозони ҷавони тоҷик дар дидор бо мунтахаби Узбакистон

17 октябр 2016, 09:16

Дидори тимҳои яккачини Тоҷикистону Узбакистон бо ҳисоби 1:2 ба анҷом расид.

Ин бозӣ дар чорчуби даври аввали мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2016 дар Баҳраайн баргузор шуд.

Бозигарони тоҷик дар дақиқаи 20-уми дидор ҳисобро боз карданд, аммо баъдан ҳарифон ду тӯбро вориди дарвозаи онҳо намуданд.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон боз ду бозии дигар анҷом хоҳад дод: 18 октябр бо мунтахаби ҷавонони Чин ва 21 октябр бо яккачини ҷавонони Австралия.

Дар пайи анҷоми даври гуруҳӣ ду даста аз ҳар гуруҳ, ки ҷойҳои аввалу дуввумро гирифтаанд, ба даври баъдӣ роҳ ёфта, барои мақомҳои аввал ва роҳхат ба Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни мунтахабҳои ҷавонон, ки соли 2017 баргузор мешавад, мубориза мебаранд.

Дар Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2016, 16 даста дар чор гуруҳ бо ҳам рақобат мекунанд:

Гуруҳи “А”
Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Баҳрайн, Арабистони Саудӣ.

Гуруҳи “В”
Кореяи Шимолӣ, Ветнам, Аморати муттаҳидаи Араб, Ироқ.

Гуруҳи “С”
Қатар, Эрон, Ҷопон, Яман.

Гуруҳи “D”
Тоҷикистон, Узбакистон, Чин, Австралия.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!