Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 май 2019, 12:07

АКС: «Сомон»-и Данғара-дастаи нав дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон

3 ноябр 2016, 14:02

Дастаи футболи “Сомон”-и Данғара баъди пирӯзияш дар Хатлон ба Лигаи якуми футболи Тоҷикистон роҳ ёфт.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, мақоми дастаи “Сомон”-и Данғара ҳафтаи гузашта, баъди пирӯзияш дар Лигаи дуюми минтақаи Хатлон боло рафта, ҳуқуқ пайдо намуд, ки соли оянда дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон баромад кунад.

Дар мусобиқаи лигаи дуюми минтақаи Хатлон дастаҳои «Сомон» (Данғара), «Дӯстӣ» (Ҷайҳун), «Арал» (Абдураҳмони Ҷомӣ), «Вахши Зарнисор» (Вахш), «Хуросон» (Хуросон), «Сарҳадчӣ» (Ҳамадонӣ) ва «Парвин-2» (Бохтар) иштирок кардаанд. Соҳиби ҷои дуюм ва медалҳои нуқра дастаи «Дӯстӣ»-и ноҳияи Ҷайҳун ва барандаи медалҳои биринҷӣ «Арал»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гардиданд. Нишонзанҳои беҳтарини сабқат ду нафар- Бахтовар Наҷмиддинов («Сомон») ва Самариддин Умаров (Вахши Зарнисор) дониста шудаанд, ки ба дарвозаи ҳарифон 13 тӯбӣ ворид кардаанд.


АКС: «Сомон»-и Данғара-дастаи нав дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон

АКС: «Сомон»-и Данғара-дастаи нав дар Лигаи якуми футболи Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ба он маъност ки футбол дар Точикистон рушд ёфта истодааст. Чавононро тарбяи хуб дода истодаанд. bully
Ба пеш факат ба пеш! Точикистон ба пеш!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!