Миннатдории Рамзан Қодиров аз мураббии маъруфи тоҷик
Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон ба Рашид Раҳимов, сармураббии дастаи “Терек”-и Грозний барои пирӯзӣ бар “Зенит”-и Санкт-Петербург изҳори сипос кардааст.
Қодиров дар саҳфаи “Инстаграм”-аш навиштаст: “Мо барои баргузор кардани бозии диданӣ бо дастаи қавии сатҳи боло аз Рашид Раҳимов миннатдорем”.
Ба гуфтаи ӯ, “Терек” бори дигар нишон дод, ки даста аз оғоз бо руҳи ғолиб аст.
“Терек”-и Грозний рӯзи шашуми ноябр “Зенит”-ро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.
Баъдӣ ин пирӯзӣ дастпарварони Рашид Раҳимов соҳиби 24 хол гашта, дар зинаи сеюми ҷадвали бозиҳои мусобиқаи қаҳрамонии футболи Русия қарор гирифтанд.
Ба иттилои расонаҳои русӣ, ин инахустин мағлубияти “Зенит” дар мусобиқаи қаҳрамонии футболи Русия буда, то ин вақт 8 бозиро бо ғолибият ва 4 бозии дигарро мусовӣ кардааст.
Ҳоло тими “Спартак” бо 31 хол дар ҷойи авал, “Зенит” бо 28 хол дар ҷойи дуюм ва “Терек” бо 24 хол дар зинаи сеюм қарор гирифтаанд.
Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”-и Душанбе аст. Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд. Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”-и Маскав бозӣ кардааст. Раҳимов солҳои 2007-2009 “Локомотив”-и Маскав ва солҳои 2009-2011”Амкар”-и Перм ва аз соли 2013 ин ҷониб клуби футболи “Терек”-ро тамрин медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |