Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:42

Муфтии Маскав: Занони Русия хоҳони никоҳи дуюм бо тоҷикону узбекҳоянд

10 ноябр 2016, 16:15

Илдар Аловиддинов, сардори Раёсати мусалмонҳо ва имомхатиби масҷиди ҷомеи Маскав гуфтааст, муроҷиатҳо барои никоҳи зани дуюм афзоиш ёфтаанд.

Аловиддинов дар суҳбат бо “Озодлик” изҳор доштааст, ки бештар барои никоҳи зани дуюм шаҳрвандони Тоҷикистону Узбакистон муроҷиат мекунанд. Ӯ таъкид намудааст, ки дар аксари ҳолатҳо ташаббускори бисёрзанӣ худи занҳоянд ва бештар занони рус моил ба издивоҷ бо мардони муҳоҷир аз Тоҷикистон ва Узбакистон ҳастанд: “Бисёри занҳои танҳо ҳавасманданд, ки тибқи қонунҳои шариат шавҳар кунанд”.

Ин руҳонӣ изҳор доштааст, ки дар бештари маврид ба онҳо иҷоза намедиҳанд, ки бо муҳоҷирин издивоҷ кунанд. “Талаботи асосии мо ризоияти ҳамсари аввал аст. Агар мард ба ҳангоми никоҳ розӣ будани ҳамсари якумашро нишон дода наметавонад, мо ӯро никоҳ намекунем”.

Марина Гордина, як сокини 31 солаи вилояти Маскав зани дуввуми Мирзоҳаким, шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки 17 сол қабл ба Русия рафтааст. Мирзоҳаким ва Марина соҳиби 3 фарзанд буда, ба гуфтаи Марина шавҳари тоҷики ӯ соле як бор ба назди ҳамсари худ ба Тоҷикистон меояд. Гордина мегӯяд, занон дар бораи ҳамдигар иттилоъ доранд ва ҳеч эроде надоранд: “Агар эътироз кунам, метавонам аз оилаам маҳрум шавам. Насиб бошад, то охири умр ҳамроҳи шавҳарам хоҳам гузаронд”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
БОРАКАЛОХ БОРАКАЛЛОХ СРОЧНО БА РОССИЯ РАФТАН ДАРКОР
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Набояд ба ин бемасъулияти ичоза дода шавад. Зани якум даруни кишту кор дар куху пушта таппак карда гардад шавхари у бошад дар бари Наташа коньяк зада гардад.
Барои одахмое,ки дар ТЧ ё УЗ зан доранд набояд дар Россия ичозат оиладори диханд. Ман шадидан махкум мекунам гирифтани зани дуюм дар Россияро.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!