Боз як ташкилоти қарзии Тоҷикистон муфлис шуд
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо як қарор фаъолияти Ташкилоти қарзии “Мададгори Мастчоҳ”-ро қатъ кардааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳоди молӣ далели ин иқдомро муфлисшавӣ унвон кардааст: “Мутобиқи қарори зикршуда иҷозатномаи ташкилоти қарзии номбурда, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 4 феврали соли 2013, таҳти №9 барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд”.
Ба иттилои манбаъ, ҷанбаҳои дигари фаъолияти ташкилоти мазкур дар асоси қарори қабулгардида аз ҷониби масъулини Бонки миллии Тоҷикистон баррасӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида ба суд пешниҳод карда мешавад.
Шурӯъ аз аввали соли равон Бонки миллӣ аз қатъи фаъолияти дасти кам 10 ташкилоти қарзии хурд хабар дод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |