Котиботи Президент: НБО-и Сарбанд 34%-и иқтидорашро аз даст дод
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18-уми ноябр дар маросими оғози корҳои таҷдиду барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд иштирок кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон нерӯгоҳи Сарбанд соли 1962 муваққатан ва соли 1966 пурра ба истифода дода шуд: “Иқтидори лоиҳавии ин иншооти муҳими гидроэнергетикии мамлакат 240 мегаваттро ташкил медиҳад. Аммо он дар натиҷаи фаъолияти тӯлонӣ иқтидори мавҷудаи худро аз даст дода, ҳамагӣ бо тавоноии 160 мегават фаъолият дорад”.
Манбаъ мегӯяд, дар доираи созишнома бо Бонки Рушди Осиё барои барқарорсозии Неругоҳи барқи обии Сарбанд бо иқтидори 240 мегаватт 136 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ мешавад: “Лоиҳа аз ду марҳила иборат буда, муҳлати амалишавии он 3 сол ба нақша гирифта шудааст”.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳур илова намуд, ки пудрачии корҳои барқарорсозӣ ширкати Синоҳайдрои Чин буда, роҳбарияти он аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон муваззаф шуданд, то корҳои таҷдидро бо суръату сифати баланд ба анҷом расонанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |