Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 январ 2017, 11:06

Лукашенко: Мусалмонҳо ҳеч вақт барои мо мушкил эҷод накардаанд

18 ноябр 2016, 16:24

Александр Лукашенко, раисҷумҳури Белорусия гуфтааст, кишвараш бо мусалмонҳо ҳеч мушкил надорад.

Хабарнигорон дар нишасти хабарии дирӯз, 17 ноябр аз Лукашенко пурсидаанд, ки чӣ гуна ба таъмини дӯстӣ миёни намояндагони динҳои гуногун даст ёфтааст ва барои ин чӣ корҳоро анҷом додааст: “Ҳатто наметавонам бигӯям, ки чизеро барои ин анҷом додаем. Мо ҳамчун як миллат зиндагӣ мекунем. Дар мавриди дин тибқи як шиор зиндагӣ мекунем - ҳар кас роҳи маъбади худро худаш пайдо мекунад”.

Раисҷумҳури Белорусия бо ишора ба ифтитоҳи масҷиди ҷомеъ дар Минск гуфтааст: “Дар кишвар ҳазорон мусулмон зиндагӣ мекунанд ва ман раисҷумҳури онҳо низ ҳастам. Онҳо ҳеч вақт барои мо мушкилеро эҷод накардаанд. Мо бо онҳо муносибати ҳасана дорем. Ҳамон муносибате, ки бо католикҳо ва православҳо дорем”.

Ӯ таъкид кардааст, мавзӯъи муносибати байни динҳо таҳти контроли шахсиаш аст: “Ман бодиққат назорат мекунам, ки чи гуна раҳбарон, масъулин ва руҳониён ба боварҳои дигарон муносибат мекунанд. Ин масъала таҳти контроли ман аст. Ҳукумат бояд зикр кунад: ҳама ҳаққи баробар доранд ва дар кишвари мо воқеъан ҳам чунин аст”.

Лукашенко дар идома гуфтааст, дар Белорусия муносибати муғризона ба намояндагони миллатҳои дигар вуҷуд надорад. “Барои пойдории субот миёни миллатҳо набояд гуфт, ки ту яҳуд, бошқирд ё татар ҳастӣ. Ҳама баробаранд”,-таъкид намудааст вай.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ростгуи

  • 18 ноябр 2016 17:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳами мардак, бачаҳо, чи миллате боша, просто йигитай!
Дигар гап надорум...
Посух додан
  • сокини шахр ва

  • 19 ноябр 2016 09:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мегум Путин-ако агар хамин андешахоро медошт олам гулистон мешуд-да.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!