Ҳисобкунаки обӣ: Барои одамон ва чорво
Муъминобод яке аз нахустин ноҳияиҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аст, ки ба ҳисобкунаки обӣ гузаштааст.
Масъулини ноҳия мегӯянд, ҳоло 1673 сокини Муъминобод ҳисобкунакҳои обӣ доранд. Ҷуъмахон Сафарзода, раҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Муъминобод дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, давоми як соли ахир бештар аз 17 деҳа ва маҳаллаҳо ба ҳисобкунакҳои обӣ пайваст шудаанд: “Мардум худашон таҷҳизоти лозимро аз бозор харида, барои насби он ба идораи об муроҷиат менамоянд. Умедворем, ки то як соли дигар тамоми мардуми ноҳия ба ин системаи нави хизматрасонӣ мегузарад”.
Масъулини ноҳия мегӯянд, як ҳисобкунаки обӣ 35 сомонӣ арзиш дорад.
Гулҷаҳон Табарова, як сокини 29-солаи рустои Деҳлолои ҷамоати Н.Назаров гуфт, дар гузашта онҳо обро аз ҳамсоядеҳаашон, ки дар масофаи 3 километр ҷойгир аст, мекашонданд: “Ҳоло об дар назди манзили худамон аст. Бо соат обро мегирем ва бояд онро сарфакорона истифода намоем”.
Дар деҳаи Деҳлоло насби ҳисобкунаки обиро ҳатто барои чорво таҷриба карданианд. Амрохон Иброҳимов, раҳбари Ассосиатсияи истифодабарандагони оби нушокии "Деҳлоло-2" мегӯяд, монанди оби ошомиданӣ деҳаи онҳо дар пайдо кардани об барои чорво низ мушкил дошт: “Дар қишлоқи ҳамсоя як ҳавз буд, ки чорвои мардум аз он ҷо об менушид. Бисёр ҳолатҳо ин норизогии мардуми он деҳаро ба бор меовард. Билохира тасмим гирифтем, ки барои чорвои деҳаамон ҳам об биёрем. Рӯзҳои наздик баъди васл кардани ҳисобкунаки обӣ обро ба чорво хоҳем дод”.
Ӯ афзуд, агар барои аҳолӣ як метри мукааб об як сомониро ташкил бидиҳад, барои чорво як метри мукааб об 50 дирам арзиш хоҳад дошт: “Агар ин таҷриба амалӣ шавад, маблағи ҷамъоваришуда ба хазинаи ассотсиатсия гузаронда мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |