Ҳукми се тоҷики “депортшуда” барои қасди бозгашт ба Русия
Додгоҳи вилояти Омск Салимхон Кукиеви 54-сола, Фахриддин Абдумамадови 39-сола ва Хуршед Олимови 35-сола, шаҳрвандони Тоҷикистонро барои як солӣ равонаи зиндон кардааст.
Шаҳрвандони мазкур, ки дар расонаҳои Русия “тоҷикони меҳнатдӯст” унвон гирифтаанд, дар вуруди ғайриқонунӣ ба Русия гунаҳкор дониста шудаанд: “Сарфи назар, ки шаҳрвандони мазкур ҳаққи вуруд ба Русияро надоштаанд, моҳи августи соли равон талош кардаанд, ки марзро ба умеди дарёфти кор дар Русия убур кунанд”.
Мақомот мегӯянд, дар пайи боздошт аз сӯи марзбонон шаҳрвандони Тоҷикистон гуноҳашонро пурра иқрор кардаанд. Бо қарори додгоҳ Кукиев ва Абдумамадов ба як соли зиндон ва Олимов ба 11 моҳи зиндон маҳкум шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |