Бахшҳо

Ваъдаи раиси Дума барои ҷазои гунаҳкорони марги 7 тоҷик

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ки бо як сафари расмӣ дар Русия қарор дорад, дар мулоқот бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии ин кишвар ба ҳодисаи сӯхтори 19 нобяр, ки сабаби марги 7 шаҳрванди Тоҷикистон шуд, дахл кардааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, Зуҳуров аз вуқӯи ин ҳодиса изҳори нигаронӣ намуда, иброз доштааст, муҳоҷирони фавтида ягона таъминкунандаи хонаводаҳояшон буданд ва бидуни нақзи қонунҳои Русия, уҳдадориҳои меҳнатии худро софдилона иҷро мекарданд.

Ба иттилои манбаъ, раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон дар идома аз раиси Думаи давлатии Русия хоҳиши таҳқиқи воқеъбинонаи ҳодиса, муайян кардани сабабҳои он ва муҷозоти гунаҳгоронро кардааст. Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин хоҳиш намуда, то ба хотири фароҳам овардани шароити матлуби корӣ аз тарафи корфармоён ва роҳ надодан ба такрори чунин ҳаводис чораҳои маъмурӣ андешида шавад.

Ба иттилои манбаъ Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия аз ҳалокати ҳафт шаҳрванди Тоикистон изҳори таассуф намуда, аз Шукурҷон Зуҳуров хостааст, ҳамдардии ӯ ва намояндагони парлумони кишварашро ба хонаводаҳои марҳумон бирасонад. Володин таъкид кардааст, ки ба қазияи мазкур ҳатман дар доираи қонунҳои амалкунандаи Федаратсияи Русия расидагӣ хоҳад шуд ва гунаҳкорони ин ҳодиса ҷазои муносиб хоҳанд гирифт.

Вячеслав Володин ҳамчунин иброз доштааст, ки ҳанӯз аз тарафи вазорату идораҳои дахлдори кишварҳои мо аз ҳамаи имконияти мавҷудаи ҳамкорӣ байни ду ҷумҳурӣ истифодаи самарабахш сурат нагирифтааст ва мо бояд дар ин замина ҳамкориро бо мақомоти дахлдори кишварҳои худ беҳтар ба роҳ монда, иҷрои бечунучарои ин санадҳоро аз онҳо тақозо намоем.

Сӯхтори вагони ҳомили шаҳрвандони Тоҷикистон тақрибан соати 2-и шаби 19 ба 20 ноябр дар майдони сохтмони фабрикаи мурғпарварии “Абсолют Агро”-и вилояти Тюмен ба вуқӯъ пайваста, дар пайи он 7 нафар ба ҳалокат расида, се тани дигар маҷруҳ шуданд.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, дар пайи ин ҳодиса 6 сокини деҳаи Хушекати ноҳияи Деваштич - Ниёзов Умарҷон Мирзоазимович, соли таваллудаш 1987, Рӯзиев Парвин Мусоҷонович, соли таваллуд 1988, Шодиев Самариддин Фазлиддинович, соли таваллуд 1989, Миров Мирсабур Мирсаидович, соли таваллуд 1997, Нуров Кобилҷон Комилҷонович, соли таваллуд 1994, Ф.Назаров ва як сокини ноҳияи Мастчои Куҳӣ - Шарифов Олимҷон Шарифович, соли таваллудаш 1997 ба ҳалокат расидаанд.

Аз заҳролудшудагон Раҳмонов М., соли таваллуд 1989, Олимов П., соли тавллуд 1989 ва Қосимов К., соли 1993 ном бурда мешавад, ки онҳо низ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар ширкати “Горизонт” қонунӣ кор мекардаанд.

Тобути се тан аз ин муҳоҷирон шоми 23 ноябр аз Екатеринбург ба Хуҷанд интиқол ёфт. Ба иттилои расида, ширкати "Уральские авиалинии", ки ҳавопаймоҳояш аз Екатеринбург ба Хуҷанд парвоз анҷом медиҳад, барои дар як вақт ба Тоҷикистон овардани ҷасади ҳафт муҳоҷири тоҷик розӣ нашудааст. Қарор аст, тобути чор қурбонии дигари сӯхтор рӯзҳои 24 ва 25 ноябр оварда шаванд.

Мӯҳр
Мирзо
Раиси Дума барои кӯдаки Файзободи ҳам ваъда дода буд. Баъд мурдаша ҳамроҳи падару модараш пеш карданду милисаҳошона медал доданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)