Бахшҳо

Трамп: Интизорӣ ва нигаронии ҷомеаи Амрико аз он

Иршод СУЛАЙМОНӢ, Феникс, ИМА

ИМА феълан дар марҳилае қарор дорад, ки бо хушномтарин раисҷумҳураш Барак Обама хайрухуш менамояд ва аз мармузтарин шахсияте, ки ба раёсати ҷумҳурӣ интихоб шудааст, пазироӣ мекунад.

Амрикоиҳо аз омадани Трамп ба ҳукумат нигаронанд. Нигарон аз он ки чӣ гуна инсоне, ки дар умраш як соат ба кори сиёсӣ ва давлатӣ сару кор нагирифтааст, дар идораи давлат ва роҳандозии сиёсати пуриқтидортарин давлати дунё муваффақ мешавад.
Аз фазои баъдазинтихоботии ИМА эҳсос мешавад, ки интихоботи 8 ноябр яке аз сиёситарин интихоботҳои ин кишвар буд, зеро натиҷаҳои интихобот чизе набуда, ки бузургтарин марказҳои фикриву омӯзишӣ ва расонаҳои амрикоӣ пешгӯйӣ мекарданд. Ҳарчанд дар ИМА бар ин боваранд, ки ҳукумат ҳамеша натиҷаи муваффақияти ҷомеаи шаҳрвандист, вале ин бор шахсияте ба мақоми раёсатҷумҳурӣ баргузида шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавридаш тавофуқи оро надошт.

Бештари мардуми Амрико ҳам, мисли тамоми дунё аз раисҷумҳур интихоб шудани Доналд Трамп дар ҳайратанд. Ҳоло саволи аксари амрикоиҳо ин аст, ки ин раисҷумҳури таҳаййурбарангез барои Амрико чӣ мекунад? Тақрибан бештари амрикоиҳо ба ин назари Обама, ки гуфта буд, Трамп як шахсияти сарбаста аст ва намешавад пешгӯйӣ кард, ки ӯ чӣ мекунад, бояд интизор шуд ва дид, ки чӣ кор мекунад, мувофиқанд.
Баъди пирӯзии Трамп то кунун дар аксари шаҳрҳову иёлатҳои ИМА мардум ба хиёбонҳо рехта ва аз интихоби ӯ изҳорои норизоятӣ кардаанд ва мекунанд.

То кунун дар давру бари “ТRUMP INTERNATIONAL HOTEL” чанд нафаре бо шиору овеза даст ба тазоҳур мезананд. Баъди интихоботи 8 ноябр гирдогирди Кохи сафед бо симтӯрҳо печонда шудааст, ки ба назари бархе бо наҳваи ҳимояти Кохи сафед аз эҳтимоли таҷаммуъи мардуми норизо аст. Аммо аксарияти ин гуна ҳамоишҳоро як падидаҳои маъмулӣ ва хосе барои ҷомеаи Амрико медонанд.

Трамп: Интизорӣ ва нигаронии ҷомеаи Амрико аз онИнтихоботи ИМА бори дигар муттанавеъ будани ҷомеи амрикоиро собит кард ва зоҳир кард, ки ҷомеаҳои моноидеологӣ наметавонанд дар демукросисозӣ муваффақ шаванд. Интизории асосии мардуми Амрико аз Трамп ин аст, ки оё ӯ он ваъдаҳоеро, ки дар давраи компайни интихоботӣ дод, метавонад амалӣ кунад. Яке аз омилҳои аслии ин ки дар ИМА компайни интихоботӣ бисёр гарм ва пурхурӯш мегузарад ин аст, номзад дар ин давра чӣ ваъдае медиҳад. Ва баъди пирӯз шудан ӯ маҷбур аст, ки тааҳҳуди бо мардум кардаашро амалӣ кунад. Ҳоло сарнавишти ҳукумати Трамп ҳам ба он марбут аст, ки то куҷо метавонад ваъдаҳояшро иҷро бикунад.

Бештари мардуми ИМА Трампро як шахсияти пешгӯйинашаванда медонад, ки ҳар чӣ мехоҳад мегӯяд. Масалан мардум ба ин боваранд, ки он чи Трамп дар бораи мусалмонон мегуфт наметавонад амалӣ кунад, зеро он чӣ ӯ гуфт марбут ба озодии дин ва бовар аст, ки Қонуни Асосии ИМА кафолат додааст ва Трамп ба унвони раисҷумҳур наметавонад бар хилофи Қонуни Асосӣ амал кунад. Шояд ӯ битавонад таъсире ба муҳити динӣ ва динварзӣ дар ИМА бигузорад.

Дар ИМА расонаҳои бузурги таъсиргузор тамоми фаъолияти раисҷумҳуро таҳти назорат қарор медиҳанд ва ҳамеша гузориш медиҳанд, ки оё ӯ дар иҷро кардани тааҳҳуде, ки ба мардум додааст комёб ҳаст ё не. Яке аз расонаҳои амрикоӣ таҳқиқ кардааст, ки Обама дар давраи компайни интихоботӣ 650 ваъда ба мардум дода, ки аз ин миқдор 45 дарсадро комилан ва 25 дарсадро қисман иҷро кард ва натавонист 30 дарсади дигаро иҷро бикунад. Ба гуфти раҳбари ҳамин расона ваъдаҳои Трамп аз Обама камтар аст, вале ваъдаҳоеро, ки Трамп усулмандона дод, бисёр мушкил аст, ки амалӣ кард.

Агарчӣ дар райъгирӣ хонум Клинтон 2 миллион райъ бештар аз Трамп соҳиб шуда бошад, вале ғалабаи Трамп дар марҳилаи ниҳоии интихобти ИМА ҳосили ин буд, ки мардум дар интизори тағйирот ҳастанд. Баранда шудани Трамп ҳам ин буда, ки мардум хостаанд бибинанд, ки ӯ чӣ гуна метавонад тағйироти дар маъмурият ва низоми ИМА биоварад.

Трамп: Интизорӣ ва нигаронии ҷомеаи Амрико аз онАмрикоиҳо бар ин назаранд, ки бо Трамп шоҳиди булъаҷабҳои зиёде мешаванд. Аз ҷумла ин интизорӣ вуҷуд дорад, ки Трамп метавонад бархӯрдҳои аҷибу ғарибе бо расонаҳо дошта бошад. Зеро ӯ аз сектори хусусӣ ба ҳукумат омадааст ва одат накардааст, ки тамоми фаъолиятҳояш таҳти назорати расонаҳо бошад. Бонуфузтарин расонаҳои Амрико аз Трамп ҷонибдорӣ накардаанд. Трампро бовари омма ва расонаҳои иҷтимоӣ (шабакаҳои иҷтимоӣ) муваффақ кардаанд. Ин аст ки ҳоло таваҷҷуҳи марказҳои омузишӣ ва соҳибони расонаҳои анъанавӣ ба расонаҳои иҷтимоӣ бештар шудааст. Ҳоло дар ИМА бар ин боваранд, ки фазои минбаъдаи дунё ва Амрикоро шабакаҳои иҷтимоӣ месозанд.

Аз ҳоло мардуми Амрико шоҳиди амалкардҳои аҷибуғариби Трамп мешаванд. Пешниҳоди бонуе ба унвони вазири маорифи Амрико, ки як соат ҳам дар низоми маориф кор накардааст, ҳайрати мардумро бештар намудааст. Дар Амрико тахмин мезананд, ки бо вуҷуди ин ки бештари аъзои Конгресс аз ҳизби Трамп (ҷумҳурихоҳон) мебошанд, вале шоҳиди мушоҷараҳои зиёде байни Кохи сафед ва Капитол мешавем. Вале амрикоиҳо дар баробари нигарон будан, мунтазиранд, ки Трамп чӣ мекунад? Ҳоло дунё ҳам мунтазир аст, ки баъди интиқоли қудрат дар нимаи дувуми моҳи январи 2017 Трам чӣ амалкардҳое аз худ ба намоиш мегузорад.
Мо ҳам мунтазир мемонем!
Мӯҳр
интихобдармонӣ
Устод Иршод худат рафта ҳамунҷая мушкилиша ҳал карда биё, Ин мардума як масоили интихобдармониро фахмон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)