Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:41

Шӯрои уламо: Никоҳи мизоҷони фолбин бекор ва аз дин хориҷ мешаванд

6 декабр 2016, 15:04

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон эълон кардаст, афроде, ки назди фолбину ҷодугар мераванд аз дин хориҷ мешаванд ва никоҳашон бекор мегардад.

Ин ниҳод дар сомонаи расмияш таъкид намудааст, ки барои ҳалли мушкилот ва табобат аз хидмати фолбину ҷодугар истифода кардан ҷоиз нест: “Шифо ба изни Худованд танҳо дар ашёҳои ҳалол аст, аммо кӯрхат кардан барои ашёи гумшуда маъмул аст. Ҷодугарӣ ва ба назди ҷодугар ё фолбин рафтан қатъиян мамнуъ аст ва касоне, ки муртакиби ин амал мешаванд, гунаҳгор ва аз дин хориҷ мешаванд. Инчунин барояшон таҷдиди никоҳ лозим меояд”.

Шӯрои уламо манбаи ин фатвояшро «Мирқот» шарҳи «Мишкот» арзёбӣ кардааст.

Фатвои Шӯрои уламо дар ҳолест, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ба фолбину ҷодугарҳое, ки аз боварии корафтодаҳо сӯиистифода мебаранд, аз 3 то 7 соли зиндон пешбинӣ шудааст. Аммо тибқи тағйироте, ки аввали соли равон ба Кодекси ҷиноӣ ворид шуд, фолбинҳо метавонанд ба ивази 200 сомонӣ барои як рӯзи ҳабс аз маҳбас озод шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мехмон

  • 6 декабр 2016 22:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фатвои порагирии БДА, мактабхои оли, раисон, додситохо , судяхо кай мебарояд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шурои уламо инро хама медонад, ки: "Хар касе, ки назди чодугару фолбин равад аз дин хорич мешавад"
Шумо дар бораи риш намондан, сатр напушидан, манъи азон, то сини 18 сола ба масчид нарафтан, як ФАТВО бароред

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!