Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 22:15

Шикоят аз бетаваҷҷуҳии масъулин: Қубури кафидаро чанд моҳ аст намебинанд (ВИДЕО)

6 декабр 2016, 15:17

Сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, як қубури обгузар дар кӯчаи Шевченко чанд моҳ аст, ки кафида ва аз он оби зиёд хориҷ мешавад, аммо касе барои таъмири он иқдом намекунад.

Қиёмиддин Мирзоев, як сокини ин кӯча имрӯз, 6 декабр ба “Озодагон” гуфт, барои таъмири ин қубур, ки дар рубарӯи Сафорати Ҷопон ҷойгир аст, ба Корхонаи обу корези Душанбе муроҷиат карданд, аммо мушкил бартараф нашуд: “Ман ду ҳафта пеш ба “водоканал” муроҷиат кардам ва дар ин миён чанд бор занг ҳам задам. Аммо мегӯянд, ки Душанбе танҳо аз як кӯча иборат нест, бо навбат мебинем”.

Ба гуфтаи Мирзоев, аз ин қубур оби зиёде ҷорӣ мешавад: “Шояд дар шабонарӯз 30 тон об бефоида меравад. Ман ҳамчун шаҳрванд муроҷиат кардам. Аслан ман дар ин минтақа зиндагӣ намекунам, ки аз рехтани об ё набудани он зарар бинам, танҳо дилам ба пули халқу неъмати Худованд месӯзад”.

Қиёмиддин Мирзоев афзуд, аз сӯи дигар дар назди Сафорати Ҷопон вуҷуд доштани чунин мушкил хеле нороҳаткунанда аст: “Бо кумаки молии ин сафорат чанд сол қабл ба ин маҳалла аз деҳаи Камонгарон об оварда буданд”. Ин сокини Душанбе як видеои кутоҳе ҳам дар ихтиёри “Озодагон” гузошт, ки дар он дида мешавад, ки чӣ гуна аз қубур об беҳуда мерезад.

]

Кафидани қубур ва беҳуда ҷорӣ шудани об дар Душанбе мавзӯи нав нест. Дар гузашта “Озодагон” вобаста ба ин мушкил наворе ҳам таҳия карда буд.


Акс аз бойгонӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Самандар

  • 6 декабр 2016 16:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташаккур ба Киёмиддин, ки бетарафй накардааст. Дар асл хам чунин нуктахо дар шахр зиёд хастанд. Гузашта аз ин ин боз боварй ба "Озодагон" мебошад. Боз хам ташаккур!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар кучаи мо низ айнан чунин ходиса рух дода буд. Мо ба Раиси Водоканал мактуб Ирсол намудем, аммо ба назар расид, ки гуе ин вазифа аз падараш мерос монда бошад, ягон чора наандешид.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар чуй, кубур аз они ягон шахсй мешуд, монанди котейнер ,гараж танур он гох аз раиси махаллй сар карда то депутатй шахрйя-комиссия ташкил карда дар як руз штраф карда бо трактор ба хок ясон мекарданд афсус ки аз водоканал будааст барои хамин бояд то раиси щахр гузашта набинад ин ахвол ислох намешавад.....(об кимат ку рехтан гирад пулаш барвакт буромадагй)

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!