Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 17 январ 2017, 22:12

Бозпурсии сокини Бишкек барои шеър дар бораи Президент

8 декабр 2016, 10:20

Як сокини шаҳри Бишкеки Қирғизистон барои шеърҳо дар бораи Алмосбек Отамбоев, раисҷумҳури он кишвар ба додситонӣ даъват шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, Темирлан Ормуков баъди он ба додситонӣ даъват шуд, ки шеърҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. Ба гуфтаи Ормуков, кормандони додситонӣ гуфтаанд, дар шеърҳояш аломати барангехтани низоъи байниминтақавӣ ва таҳқири шаъну шарафи Президент ҷой дорад: “Муфаттишон гуфтанд, шеърҳои ман аз ташхиси филологӣ гузаронида шудаанд. Се нукта ташхис шудааст: оё дар ин шеърҳо паст задани шаъну шараф ва эътибори президент, туҳмат, аломатҳои барангехтани низоъи байниминтақавӣ ва байналмилалӣ вуҷуд дорад ё на”.

Аммо дар робита ба ин парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.

Ин нахустин маротиба аст, ки мақомоти қудратии Қирғизистон аз рӯи нашри шеърҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тафтишот мегузаронанд. Додситонии он кишвар гуфтааст, ҳафтаи оянда дар ин маврид маълумоти муфассал ироа мекунад.

Темирлан Ормуков дар шеъри “Қалби роҳбар ба дард омад”-аш, ки дар Фейсбук нашр кард, Алмосбек Отамбоевро танқид кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!