Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 20 феврал 2017, 13:50

Нашри клипи нави Таҳмина Ниёзова (ВИДЕО)

8 декабр 2016, 16:28

Саҳфаи расмии овозхони шинохтаи тоҷик Таҳмина Ниёзова дар YouТube клипи нави ӯро нашр кардааст.

Ин клип бар пояи таронаи русии “Ты не достоин меня” (Ту сазовори ман нестӣ) дар Мақдуния наворбардорӣ шудааст.

Матни тарона аз Кирилл Комбаров ва оҳанги он моли Зоран Алексис мебошад. Тахмина ба “Россия для всех” гуфтааст, продюсераш Даниэл Стоядинович ба вай пешниҳод карда, то клип дар Мақдуния сабт шавад: “Ӯ пешниҳод кард, то ба Мақдуния рафта, бо композитор Зоран Алексис ошно шавам”.



Таҳмина Ниёзова 14 феврали соли 1989 дар Душанбе таваллуд шудааст. Ӯ набераи Боймуҳаммад Ниёзов, яке аз шашмақомсароёни саршиноси тоҷик аст. Вақте 19 сол дошт, дар соли 2008 барандаи озмуни “Панҷ ситора. Интервидение” шуд. Маҳз ҳамин муваффақият ӯро миёни ҳаводорони санъати овозхонӣ маъруф кард. Ӯ бештар бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ тарона мехонад. “Ман ошиқи ту”, “Ба нози Лайло”, “Ёри ҷонам”, “Боди сабо” ва “Занги телефон” аз маъруфтарин таронаҳори тоҷикии ӯянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хохарчон ай и клипи зурша дар Хучанд ё Душанбе мекарди... Ай и манзарахои хушру хаст дар Точикистони худмон..........
Посух додан
  • мехмон

  • 9 декабр 2016 09:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
4 дандон метобаду айнак!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!