Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 18 январ 2017, 11:06

Абдулқодирзода дар бораи мавлуд, шахсияти паёмбар ва кӯтоҳандешии мусалмонҳо

9 декабр 2016, 15:26

Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон нооромиву ҷангҳои олами Исломро муваққатӣ хонда, онро гузаранда гуфт. Зеро ба қавли ӯ, мусалмонҳо дер ё зуд кӣ будани хешро мефаҳманд.

Муфтии Тоҷикистон имрӯз, 9 декабр аснои суханронӣ қабл аз намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе изҳор дошт, рӯзе мусалмонҳо аз таъриху фарҳанги гузаштаву имрӯзи хеш ибрат гирифта, барои рафъи ҷангу нофаҳмиҳо иқдом хоҳанд кард.

Абдулқодирзода бо ишора ба мавлуди паёмбари Ислом -- Муҳаммад (с) шахсияти ӯро барои кулли мусалмонон мояи ифтихору дарси ибрат хонд. Ба гуфтаи вай, ҳар мусалмонро зарур аст ҳаёти паёмбарро омӯзад ва панд бигирад, зеро нишонаҳои волои инсонӣ, муҳаббат, дӯстӣ ва рафоқатро метавон дар ӯ дарёфт.

Муфтии Тоҷикистон дар идома гуфт, ҳар касе ки Қуръонро пурра хонад, хулоса мекунад, ки пайравони ин китоб аз бофарҳангтарин мардумонанад, “аммо сахт ҳам расад, мегӯяд, ки имрӯз мусалмонҳо аз кӯтоҳандештаринанд. Зеро имрӯз бо андак мушкиливу нофаҳмӣ гиребони ҳамдигар мегиранд, якдигарро дашном медиҳанд ва ба ҳар гуруҳу тоифаҳо бе андешидан аз оқибатҳои бади он шомил мешаванд”.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар поёни мавъизааш кулли намозгузоронро ба мавлуди паёмбари акрам -- Муҳаммад (с) табрик кард. Ҳамасола рӯзи 12-и моҳи рабеъ-ул-аввалро мусалмонони ҷаҳон ба унвони мавлуди паёмбари акрам -- Муҳаммад (с) таҷлил мекунанд. Аксар вақт он аз як ҳафта то давоми як моҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар аксар кишварҳои исломӣ ин рӯз расман истироҳат эълон шудааст. Қаблан Шӯрои уламои Маркази исломӣ барои таҷлили мавлуди паёмбари Ислом иҷоза дода, аз сокинони кишвар даъват кард, ки ин маъракаро бе додани таом баргузор кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ахлок

  • 10 декабр 2016 12:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман хамаро бахшида ба рузи мавлуди паембарамон табрик мекунам Худо кунад ки мову шуморо аз шафоати худаш насиб гардонад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!