Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 08:27

Таҳдиди аз кор рондани кормандони давлатие, ки дар мағозаҳо навбат мепоянд

22 декабр 2016, 15:02

Муассисаҳои давлатии Туркманистон аз кормандонашон талаб доранд, барои харидани маводи камёфт навбат напоянд. Давоми моҳҳои охир навбатпойии харидорон пушти дари мағозаҳои давлативу хусусӣ зиёд шудааст.

“Ба мо супориш шудааст, ки барои харидани маводи камёфт навбат наистем. Роҳбарият огоҳ кард, ки ҳар киро дар навбат диданд, аз кор хориҷ мешавад”, - мегӯяд як корманди маркази тиббии Ишқобод.

Дастури мақомот дар ҳолест, ки дар Туркманистон вақтҳои охир пайдо кардани сигор ва дигар маводи аввалияи ғизоӣ душвор шудааст. Сокинон ба хусус барои харидани шакар, орд, равған навбат меистанд. Дар бархе ҳолат миёни харидорон ва пулис занозанӣ низ рух медиҳад.

Дар вилояти Дашоғузи Туркманистон харидорон то як моҳ пеш дар навбат номнавис мекунанд. Ҳукумати Туркманистон дар навбати худ, ин мушкилро мустақиман намехоҳад ҳал кунад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Боймуродиха

  • 23 декабр 2016 08:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дидетон,баъзе курнамакхои ношукр,ки дар дигар давлатхо чи гап аст.Шумо бошед аз маститона намедонед чи кор кунед баъд факат хукуматро ганда мекунед.Шумо бояд,ки шукр кунед,ки дар Точикистон зиндаги мекунед ва рохбари давлати окил дорем.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!