Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 22 май 2019, 22:33

Талоши Тоҷикистон барои дарёфти 200 миллион $ даромади ҳарсола (ВИДЕО)

28 декабр 2016, 10:41

Тоҷикистон аз Узбакистон хостааст, роҳ барои содироти нерӯи барқи зиёдатӣ дар фасли гармо ва воридоти барқ дар фасли сарморо кушояд.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” ин масъала дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ баррасӣ хоҳад шуд.

Дар ин робита дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон низ иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Рустам Азимов, раиси ҳайати ҳукуматии Узбакистон хостори пайваст шудани низоми энергетикии ду кишвар ва ба роҳ мондани содироту воридоти дубораи нерӯи барқ шудааст.

Соли 2009 Узбакистон бо хориҷ шудан аз низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ роҳи содироту воридоти барқ ба Тоҷикистонро аз кишварҳои минтақа баст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон қаблан арзиши барқи зиёдатии кишварро, ки дар фасли тобистон ба далели набудани роҳи интиқол аз даст меравад, беш аз 200 миллион доллар арзёбӣ кард. Ба иттилои мақомоти тоҷик Тоҷикистон дар фасли гармо имкони истеҳсоли беш аз 5 миллиард киловат барқи зиёдатиро дорад, аммо ба далели набудани хатти интиқол ҳамасола ин барқ бо арзиши беш аз 200 миллион доллар аз даст дода мешавад.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ мегӯяд, агар созиш шаванд, дар фасли гармо мо ба интиқоли неӯи барқ ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Узбакистон омодаем: «Мушкили ягона ин аст, ки Узбакистон кори қисмати хати баландшиддати интиқоли барқи 500 КВ-и худ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) то зеристгоҳи Гузарро қатъ кардааст. Мjҳи декабри соли 2009 баъди ба реҷаи кори дохилӣ (автономӣ) гузаштани Узбакистон, Тоҷикистон аз низоми ягонаи энергетикии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар канор монд”.


Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Рустам Азимов:



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!