Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 29 апрел 2017, 06:39

ВИДЕО: Қатли маъшуқи тоҷик аз сӯи духтарон ҳангоми бозиҳои маҳрамона

29 декабр 2016, 12:35

Кумитаи тафтишотии Русия ду духтари 21 ва 17-сола, сокинони шаҳри Дмитровгради вилояти Уляновскро дар қатли ҷавони 24-солаи тоҷик ҳангоми бозиҳои маҳрамона муттаҳам мекунад.

Алексей Колотов, масъули раёсати Кумитаи тафтишотии вилояти Уляновск мегӯяд, айбнома алайҳи духтарони ҷавон 27-уми декабр эълон шудааст. Ба иттилои манбаъ духтарон бо ҷавони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуда, барои мулоқот дар шаби 23-юми декабр созиш кардаанд: “Ҷавони тоҷик махсусан барои мулоқот бо духтарон дар бинои рақами 22-и кӯчаи Славск хона ба иҷора гирифта, дастархон оростааст. Зимни мулоқот ҷавонҳо бозиҳои маҳрамонаро оғоз намуда, духтарон ҷавони тоҷикро баста, буғӣ кардаанд”.

Ба иттилои тафтишот ҳангоми фирор духтарон маблағ ва ашёи кушташударо гирифта, рӯзи дигар муттаҳами ноболиғ, гӯиё чизе нашудааст, ба мактаб рафтааст: “Айни ҳол духтари ноболиғ ба ҳабси хонагӣ ва муттаҳами 21-сола ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо бо иттиҳоми қатл ва роҳзанӣ идома дорад”.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхам як дарси ибрат аст барои чавонони точики зудбовар...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Окибати зинокори анахамин аст. Товба кардам дар гариби к...а чикида шинен мемурен касофато. занотон дар точикистон мондаги дар россия чи номакулио мекунанд.
Посух додан
  • Собир

  • 1 январ 2017 01:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Даҳшат

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!