Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 23 август 2017, 22:31

Нахустин тағйироти кадрӣ дар соли 2017

4 январ 2017, 11:21

Шарифзода Фаррух Ҳомиддин, сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шуд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи мақоми нави Шарифзодаро 3-юми январ имзо кард. Ӯ дар ин мақом Маҳмудҷон Собировро иваз намуд, ки моҳи июни соли гузашта ба далели бознишастагӣ барканор шуд.

Инчунин бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон Иброҳимзода Анварҷон аз вазифаи раиси суди вилояти Суғд озод гардид.

Дар баробари ин Эмомалӣ Раҳмон, қарори ҳукуматро имзо намудааст, ки бар асоси он Қонунзода Шодигул Худобахш директори мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардид.

Таъини директори мактаб ва сафири Тоҷикистон нахустин тағйироти кадрие мебошанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар соли нави 2017 амалӣ кард. Тибқи анъана аввали ҳар сол дар пайи ҷамъбасти фаъолияти солона Эмомалӣ Раҳмон дар ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадриро ворид мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 858

  • 4 январ 2017 11:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Писари собик вакили парлумон, собик Вазири корхои дохили Хомидин Шарипов аст?
Посух додан
  • Тилло

  • 4 январ 2017 12:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бехтарин фарзанди фарзонаи миллат аст. Инчунин мархум падараш Шарипов Хомиддин Хасанович барои миллати точик ва баркарор намудани сохти конститутсиони захматхои зиёде кашида буд. Фарухчон ба Шумо барори кор хохонам. Тилло -Республика Белорусия ш.Гомель
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
табрик мекунем, дар туркия ки сафир шуд?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нахустин тагйироти кадри ва нахустин хабари Озодагон дар соли нав))))))))
Посух додан
  • Домулло Зиё

  • 4 январ 2017 13:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э "Озодагон" кучо мегардед шумо?
Аз дируз инчониб чизе наменависед..
Посух додан
  • дипломатча

  • 4 январ 2017 14:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хаминам тагирот шуд ми ин тагирот нест
Посух додан
  • said

  • 4 январ 2017 16:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар туркия чи корхоро анчом дод? дар вакти фаъолияташ коргархояш шикоят мекард овозаш дар хама чо буд
Посух додан
  • суол

  • 4 январ 2017 18:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Додгох, Додситон. Якуми Суду дюми Прокуратура? Хамин хел? Ки медонад посух дихад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
said,
Саид ҳеҷ аз бахили намонди мо гуфтем албат як чи инсон шуди вале афсӯс,ки то ҳол аз паси парда гап задана фаромӯш накарди да. Гуфти шоир бахили дар вуҷудат бо.... шир андарун шуду бо ҷон бадар шавад..???..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!