Бахшҳо
04 янв 2017 17:25Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Сокинони ВМКБ Киркоровро дар “дуздӣ”-и ҷӯробҳои помирӣ айбдор мекунанд (ВИДЕО)

Гуруҳи сокинони Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Филип Киркоров, овозхони маъруфи ИДМ-ро дар дуруғгӯӣ ва “дуздӣ”-и ҷӯробҳои помирӣ муттаҳам мекунанд.

Киркоров, ки қаблан дар дуздии оҳангу сурудҳо муттаҳам мешуд, ахиран ҷӯробҳои помириро дастбофти холааш муаррифӣ карда, норозигии бархе аз тоҷиконро дар интернет ба вуҷуд овардааст.

Киркоров дар барномаи солинавии Максим Максим, ки 2-юми январ тариқи шабакаи аввали телевизиони Русия пахш гардид, ба барандаи барнома Максим Галкин ҷӯробҳои помириро туҳфа карда, шарҳ дод, ки “ин ҷӯробҳои хубро холаи ман, Марӣ махсус барои Максим Галкин бофт, ки касал нашавӣ. Ҳозир, ки ман бо шумо дар ин ҷоям холаи Марӣ бо фарзандонам машғул аст”.

Максим Галкин дарҳол ҷӯробро пӯшида, изҳор дошт, ки ман аз Якубович чӣ камӣ дорам. Алла Пугачёва, примадонаи рус, ҳамсари собиқи Киркоров низ, ки дар барнома иштирок дошт, дар пайравӣ ба ҳамсари феълияш Максим Галкин ҷӯроби помириро пӯшид. Пугачёва ва Максим Галкин бо намоиши ҷӯробҳои помирӣ онҳоро тавсиф намуданд.

Сокинони ВМКБ Киркоровро дар “дуздӣ”-и ҷӯробҳои помирӣ айбдор мекунанд (ВИДЕО)Олег Фейзов, оҳангсозу овозхони маъруфи тоҷик бо нашри қисмати навори барнома аз Киркоров интиқод намудааст, ки дар пайи дуздии оҳангу сурудҳо акнун ба ҷӯробҳо гузаштааст. Бисёри зодагони Бадахшон дар интернет бо зикри бофти нодири помирии ин ҷӯробҳо аз он изҳори норозигӣ кардаанд, ки Киркоров асли ҷӯробҳоро зикр накарда, онҳоро ҳамчун маҳсули кори холаи Марияш муаррифӣ кардааст. Бархе ба ҳимояти Киркоров баромада изҳор доштаанд, ки шояд холаи Марӣ, номи кӯтоҳшудаи ягон зани тоҷике бошад, ки ба тарбияи фарзандони Киркоров машғул аст.

Даъвогарон муътақиданд, бофти ҷӯробҳое, ки Киркоров дар барнома туҳфа кард, нодир буда, дар ҷаҳон танҳо занони Бадахшон метавонанд бо ин шева ва шакл ҷӯроб бофанд.



Видеои тақдими ҷӯробҳои помирӣ ба Галкину Пугачёва аз сӯи Киркоров
Мӯҳр
Шавхари холаи Киркоров аз ВМКБ мебошад.

бе миллат
Точир,
Хато карди Холаш пеш точик буд баъд помири шидак хозир болгар шидаги.

Хафа нашавед, номи аслиаш Киркоршоев Филипназар аст. Холааш Марямбону аст, ки кутох Мариаш мехонанд. Шавхари бибиаш, аниктараш, махбубаш Назаршон ном дошта, духтарашон Марям аст. Болгар не, аз Рушон аст падараш, модараш аз Мургоб.

Киркоршоев Филназар дар руссия не дар бозори Мургоб болгари мефурухт аз хамин номхо у истифода бурда ба худ кредо гирифт.

PT
Дигар чизи дигарро наёфед барои бахс ????

АЛБАТ ХОЛААШ ПОМИРИ АСТ

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)