Бахшҳо
06 янв 2017 09:09Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Убайдуллоев ёвар меҷӯяд: Маош 2 ҳазору 195 сомонӣ

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе барои ишғоли 36 мансаби холӣ дар шаҳрдорӣ озмун эълон кардааст.

Тибқи қарори имзонамудаи Убайдуллоев довталабҳо метавонанд барои ишғоли мақоми ёвари раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи раис ва мақомоти маҳаллии Душанбе ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд.

Шаҳрдорӣ мегӯяд, аз ҷумла мақоми мудири шуъбаи умумӣ ва протокол, мудири шуъбаи назорат, мудири шуъбаи саноат ва энергетика, мудири шуъбаи ташкилӣ, муовини сардори Раёсати рушди иқтисод ва савдо, муовини сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оила, мудири шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сармутахассису мутахассис ба довталабон пешниҳод шудаанд.

Раиси Душанбе ҳадаф аз эълони озмунро таъмини баробарҳуқуқии шаҳрвандон ба хизмати давлатӣ, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос дар хизмати давлатӣ ва шаффофияту болоравии касбии хизматчиёни давлатӣ арзёбӣ кардааст.

Аз шаҳрдорӣ ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки маош барои сармутахассисон ҳудуди 895 сомонӣ, барои мудирони шуъба ҳудуди 1208 сомонӣ буда, вобаста ба собиқа ва самаранокии кор боло бардошта мешавад. Манбаъ маоши ёвари раиси шаҳри Душанберо 2 ҳазору 108 сомонӣ арзёбӣ кард.

Довталабон метавонанд барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе бо рақамҳои 221-35-68, 221-62-56 муроҷиат намоянд.
Мӯҳр
Махмадсаид Убайдуллоев хамеша гамхори халку ватан буду мемонанд. Ба шахсоне, ки дар хакикат тавоноии кор ва дониши хуб доранд, таваччухи хоса зохир мекунанд. Ман иро холисона мегуям. Дар кор сахтгир хастанд, шайтониро намедонанад, лекин коргари хубро гурусна хам намемонанд.Офарин! Барои ин хислатхояшон мардумфиребон аз у "шикоят" мекунанд. Хуб аст, ки Шумо хастед Раис, набошад ин мардуми дастпешибару фикрхоми чангандоз хоки мардуми коргарро мебезанд.

маърифат
дар хукумати шахр кор кин атмосфераи кориашам кин аст.

Хамааш дуруг аст. Ман 3 бор тибки озмун хуччат супорида будам. Озмун аввал дораду охир не.... Кариб 6 мох мунтазир шудам, аммо на гузаштам. Барномаи кори ва стажи кории 20 сола низ доштам. Одамоне мегузаранд, ки на барнома доранду на шавки кор кардан, хатто аз оддитарин чиз "интернет " дарак надоранд

Баоми он,ки чонро фикрат омухт Чароги дил ба нури чон барафрухт. Аммо баъд кишвари мо як кишвари чавон ва дар холи рушдаст. Дар киёс бо кишвархои минтакави ва фаро минтакави начандон пешрафтааст. Дар холи,ки кишвархои собик Шурави дар мудати 25 соли Истиклолияташон тавонистанд ба пешрафтхои гайри кобили чашмдошт дастраси пайдо кунанд. Агар хирадмандона ба ин мавзуъ,ки барои чи кишвари мо дар мудати 25 сол натавонистааст шахрвандони худашро бо чои кор таъмин кунад бингарем пай хохем бурд,ки гунахгор худи мо хастем. Кори мо факат танкиди дигаронаст. дар холи,ки худамон бехтар аз он нестем. Нуктаи дувум инаст,ки афроди хастанд ки лаёкати тахсил кардан дар ихтисосхои ки чомеъаи мо ба онхо ниёз дорад. Аммо тарс аз он доранд,ки баъд аз захамоти шабонарузи натавонанд бо чойи кор таъмин шаванд. Чун ба истилохи бачахои куча агар тага набошад хондан фойда надорад. Ин боиси аз даст донаи рухияи афроди бо истеъдод шудааст. Наметавон такзиб кард ки дар чомеъаи кунуни мо тага бози нест. Аммо бояд инрохам дар назар дошт,ки хамаи хизматчиёни Давлати ингуна нестан. Хастан афроди,ки барои пешрафти чомеъаи дар холи рушдамон оянданигари мекунанд ва афроди бо лаёкатро интихоб мекунанд дар вазифахои Давлати. Барои ислохи чунин чомеъа бояд мо чавонон танкидро канор гузорем ва содикона дар ихтисосхои,ки чомеъаи мо ниёз дорад тахсил кунем. Чун ягон ягон Давлати хоричи дилашон ба мо намесузад чуноне,ки дили мо ба онхо намесузад. Хамаи кишвархои чахон имруз ба дунболи манофеъи милли худ хастанд. Кишвари мо аз лихози манобеъи табиъи ва 60 дар сад обхои осёи маркази ва гайра бояст. Аммо мутахасиси хуб надорем. Чун мо мутакабирем ба кадри сулху назми чомеъа намерасем.Чун мо бо он,ки саводи кофи надорем шуруъ мекунем танкид кардани афродеро,ки барои мо сулх,тенчи ва амони ба армугон овардаанд. Чун мо аз таърихи аждодони худ бехабарем. Хатто таърихи 25 солаи давлати навпои худро намедонем. Афроде,ки идаъо мекунанд ин суханони ман появу асос надорад ман аз онхо факат як савол дорам оё пеш аз он,ки танкид аз дигарон кунем худамонро бо онхо як бор мукоиса кардем? Худамонро як бор чойи онхо гузоштем? Агар ту чои онхо буди чи кор мекарди? Ба ин саволхо вакти хирадмандона чавоб додем он вакт хаст ки ба кадри Механи тенчу оромамон мерасем.

Як чиз дар хакикат баен аст, агар Чаноби Убайдуллоев раиси шахр набошанд, бовар кунед ин шахри Душанбе ба девона шахр табдил меебад.Мухтарам Раиси шахр, илтимос, хамин сохаи мусофиркаширо каме як назар кунед.

корчу
Агар хато накунам яксол пеш низ Раиси шахр ёвар мечуст,ё холо хам наёфтаанд ё инки ин ёвар низ рафтааст.. барои ёвар шудан ба фикрам дилу гурда даркор..))

абдукодир
агар маро ба кор гирад ман шафоф кор мекунам, яго пули хароми зиедати даркор нест. холо ман дар Россиия кор мекунам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)