Бахшҳо

БДА қимматшавии сиёҳкунии шишаҳои мошинро шарҳ дод

Арзиши иҷозатнома барои сиёҳкунии шишаҳои мошин аз моҳи равон дар Тоҷикистон 25 дарсад боло рафт.

Тибқи иттилои Раёсати Бозрасии давлатии автомобилӣ иҷозатномаҳо барои сиёҳкунии шишаҳои мошин ба ду гуруҳ тақсимбандӣ мешаванд: “Нархи иҷозатнома барои мошинҳои истеҳсолашон куҳнатар аз соли 2005, ки то ҳол 2000 сомонӣ буд, аз 1-уми январ ба 2500 сомонӣ ва барои мошинҳои истеҳсолашон соли 2005-у аз он навтар, ки то ҳол 2480 сомонӣ буд, ба 3100 сомонӣ баробар шуд”.

БДА болоравии нархи иҷозатномаро ба афзоиши нишондод барои ҳисобҳо рабт дод, ки аз 1-уми январ ба 50 сомонӣ баробар шуд: “Солҳои қаблӣ ин нишондод 40 сомониро ташкил медод. Нархи иҷозатнома чун солҳои пешӣ барои мошинҳои куҳна 50 нишондиҳанда ва барои мошинҳои нав 62 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад”.

Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон сиёҳ кардани шишаҳои пеши мошин то 14 сантиметр иҷозат дода шудааст ва меъёри равшанигузаронияш бояд 75%-ро ташкил диҳад.

Қаблан эълон шуда буд, ки маблағи иҷозатномаҳо барои сиёҳ кардани шишаҳои мошин ба бунёди нерӯгоҳи “Роғун” равона мешавад.
Мӯҳр
Ben
Аник мерава ба бунеди рогун ? Е номаълум ,касе медони да амин масала

Умуман сиёх кардани шиша ё не бо худи ронанда вобаста бошад (бе пул) дар ТЧ (афсонави) хама гуна холатхоро интизор шудан мумкин...

Карим
Журналистони мухтарам!!! Оё метавонед аз ягон ниходи расмй оид ба шумораи маблагхое, ки аз сиёх кардани шишахои мошинхо чамъоварй шудаанд пурсон шавед? Чи кадар маблаг то имруз чамъ шудаасту оё дар ХАКИКАТ ба сохтмони НБО Рогун сарф шудаанд ё не?

ш. Душанбе
Маблагхое, ки аз хисоби ичозатномахои сиёхшиша ситонида мешавад, пардохтхои хатми ба бучет номдошта ба бучети чумхурияви интикол дода мешавад, ва ин маблаг ба суратхисоби махсуси Сарраёсати хазинадории Вазорати молия чамъовари гардида, назорати он аз чониби Вазорати молияи ЧТ пешбурда мешавад.
Аз ин лихоз, Вазорати молия ухдадор аст, ки оиди ин маблагхои харочтшуда маълумот дихад.

Фархори 94
Хуб мешид, ХУКУМАТ мошинхое ки истехсолкунанда (завод) оинахои окиби онро сиёх кардааст, бе ичозатномаи махсус рондани чунин мошинхоро ичозат дихад. Чунки Завод оинаи окиби мошинро 100% сиёх намекунад ва дар Шароити иклимии Чумхурии Точикистон ки ба гуфти олимон 300 рузи офтоби дорад, бисёр барои кудакон ки дар ҷои окиб мешинанд, кулай мебошад.

Аз Пешвои Миллат, Асосгузори Сулху Вахдати Милли, Президанти азизмон хохиш менамоям, масъалаи аз ГОСТ-и 5727-88 гузаштан ба ГОСТ 32565-2013 розиги диханд.


Солех
Мебахши ай соли 2010 сиёхкуни сар шуд хамон вакт хам то соли 2005 нархи арзон буд 7 сол аз байн рафт. Нархро кимат карден, сол хамоно 2005 меистад?? Бояд то 2011 нарх арзон бошад

Фаркаш чи ин маблагхо кучо мераван. Дар мо хаммаи маблагхо дар минфин чамъовари мешаванд. Баъд аз минфин кучое мераванд. Гумрук андоз ва гайра. Ки хади онро дорад ки тафтиш кунал агар дар инчо дасти пурзур бошад.

сайфиддин
Чи хел барои неругохи Рогун меравад ки 4 мох маош нагирифтам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)