Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 25 феврал 2017, 16:31

Раиси Хатлон таъмири танкҳои Толибонро дар Тоҷикистон туҳмат хонд

9 январ 2017, 15:24

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон изҳороти Умар Сафӣ, собиқ раиси музофоти Кундузро дар бораи таъмири танку техникаи низомии Толибон дар Тоҷикистон беасос хонд.

Гулмаҳмадзода имрӯз, 9-уми январ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, давлати Тоҷикистон пайваста барои ҳалли мусолиматомези мушкилоти Афғонистон талош мекунад ва изҳороти собиқ раиси Кундуз туҳмате беш нест ва барои он бояд Сафӣ аз халқи тоҷик узр пурсад. Ӯ интиқоли техникаи ҳарбии Толибон аз Афғонистонро ба Тоҷикистон тариқи дарёи Панҷ ғайриимкон ва хилофи сиёсати ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди Афғонистон хонд.

Қаблан Умар Сафӣ дар суҳбат бо расонаҳои паштузабон гуфт, ки техники низомии Толибон дар қаламрави Тоҷикистон аз сӯи мутахассисони рус таъмир мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!