Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 26 июн 2017, 18:59

Болоравии қурби доллар ва рубл дар Тоҷикистон

10 январ 2017, 16:43

Бонкҳои Тоҷикистон имрӯз, 10-уми январ қурби 1000 рубли русиро 130-131 сомонӣ муайян кардаанд, ки нисбат ба нишондоди охири соли гузашта то 4 сомонӣ бештар мебошад.

Тибқи овезаҳои бонкҳои кишвар дар Душанбе қурби 1 доллари амрикоӣ 7,89-7,91 сомонӣ муқаррар гардидааст. Қурби доллар тайи моҳҳои охир бетағйир 7,88-7,90 боқӣ монда буд.

Бонки миллии Тоҷикистон қурби рубл ва долларро мутаносибан барои 10-уми январ 0,1291 ва 7,8850 сомонӣ муқаррар намуда, арзиши як евроро 8,2942 сомонӣ нишон додааст.

Ин ниҳод шаҳрвандонро огоҳ кардааст, ки берун аз намояндагиҳои бонкҳою банкоматҳо мубодилаи асъори хориҷӣ мамнуъ буда, ҷазои маъмурию ҷиноиро дар пай дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Саид

  • 10 январ 2017 17:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аммо вале лекин долар имруз 795 сомон буд дар фуруш
Посух додан
  • Луи Барту

  • 11 январ 2017 00:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Значит кризис нав таьсир кардост
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Sodirotbank zinda mi? Puli marduma duzdida hurda gashtay!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!