Бахшҳо

Парлумон аз Ғанӣ хост, хешашро барои таҳқири тоҷикон бозхонд кунад

Парлумони Афғонистон аз раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ хостааст, хешаш Абдулқаюми Кучайро барои таҳқири тоҷикон аз мақоми сафирӣ дар Маскав бозхонд кунад.

Аҳмадшоҳ Рамазон, узви парлумони Афғонистон гуфтааст, парлумон бо ирсоли номаи расмӣ аз Ғанӣ бозхонди Кучайро аз мақоми сафирӣ дар Русия талаб кардааст: “Тоҷикистону Русия аз ҷумлаи наздиктарин кишварҳо барои Афғонистонанд. Кӯчай Тоҷикистонро таҳқир кард. Аммо ин назари ӯ ба мавқеъгирии давлат ва мардуми Афғонистон мувофиқат намекунад. Ман бо Салоҳиддин Раббонӣ, вазири умури хориҷӣ ва Абдулло Абдулло, раисиҷумҳури иҷроияи Афғонистон дар ин маврид суҳбат доштам. Онҳо зидди чунин изҳоротанд ва онро маҳкум мекунанд. Гуфтанд, ки дар назди Президент оид ба ин мавзуъ суҳбат кардаанд”.

Ба гуфтаи вакилони афғон Кучай на танҳо давлату мардуми Тоҷикистон балки Русияро низ таҳқир кардааст.

Замин Кобулов, фиристодаи Владимир Путин дар умури Афғонистон низ изҳороти Кучайро ғайри қобил қабул ва беасос хондааст: “Ин изҳороти аблаҳонаи бедалел дар ҳаққи давлати Тоҷикистон, иттифоқчии стратегии Русия мебошад. Ман бо Кӯчай, ки эътимодномаи сафирӣ гирифтаасту рӯзҳои наздик бояд онро ба Владимир Путин супорад, 13-уми январ мулоқот дорам ва хоҳам гуфт, дар изҳороташ аз интизом кор бигирад”.

Кӯчай охири моҳи декабр дар суҳбат бо видеоблоги афғонӣ гуфт, пушти интиқоли маводи мухаддири Афғонистон русҳо ва мафияи Тоҷикистон меистад. Ӯ дар мавриди тоҷику Тоҷикистон афзудааст, ки “Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст”.

Мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон ахиран таъкид намуданд, ки чунин изҳороти кӯтоҳбинонаи баъзе аз намояндагони Афғонистон, ки аз надоштани саводи кофӣ сар мезанад, боиси таассуф буда, садди роҳи корҳои созанда ва дар амал татбиқ намудани мувофиқаҳои қаблии ҳосилшуда гардида, ҳамчунин муносиботи дуҷонибаро, ки дар асоси муқаррароти дӯстӣ ва ҳамҷавории нек ба бор омадаанд, халалдор мекунанд.
Мӯҳр
Nabi farhor
Абдулқаюм Кӯчаи бо ин рафтор шумо тарақиёт нахоҳед кард.Барои он, ки шумо бисёр миллат чи ҳастед.Агар шумо Кӯчи одоби суханро медонистед, дар ҳақи дигар миллатҳо тӯҳмат намекардед.
Ту дигар давлатҳоро намедони,харита ро низ намедони
Аз ту дида донишҷӯёни тоҷик бо савод тар ҳастанд.Шумо ай куҷо медонед миллати тоҷик 5млн аҳоли дорад, хатто мекуни.
Боқи Худо туро саришта кунад.

Аз сафире, ки ба чои калла- салла бардошта гаштаст чаро хафа мешавед, мухтарам Порлумончиён..........

Ислом
Ин Кучи худаш ранги, чупонхои киргиз аст, ки ира сафир мондаст. Ранг бину хол пурс.
Nabi farhor,

Абдулқаюми Кучай бояд пеш аз гуфтани ин суханон андешае мекард, ки мардуми гурезаи афғон аксарияташон паноҳандагии тоҷикистонро доранд. Шароите, ки афғонҳои муҳоҷир дар Тоҷикистон доранд ҳатто дар мамлакатҳои абарқудрати ЕС надоранд.

Ислом,
Бародар хавай тахкир кардааст бас нест ?
Худи шумохам бо тахкир гап зада истодаедку ,вайку точикро тахкир кардааст ,лекин шумо ду миллатро хам афгону хам киргизро шарм кунед ."курии худу бинои мардум"
Канд занад бо либоси миллияш намояндаги мекунад ,аз суханонаш каме буи хакикатхам меояд . Дар мо (мафия) бо дарачаи аъло расидааст.

Амри
Офарин ба парлумони Афгонистон ки Кучайро ба чояш мешинонад вале чаро парламенти Точикистон аз президент талаб намекунанд ки фуруши баркро ба Афгонистон кать карда ба мардуми точик дихед то ки аз захри ангишт хамасола чон ба чаббор насупоранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)