Бахшҳо
19 янв 2017 09:15Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Нигаронии кишоварзон аз ҳашарот ва ваъдаи вазир

Вазири кишоварзии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2016 помидори истеҳсолшуда беш аз талаботи сокинон будааст. Аммо кишоварзон иддао доранд, ҳосили хубе нагирифтаанд.

Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзӣ 18 январ дар нишасти матбуотие дар Душанбе гуфт, соли 2016 дар қаламрави ҷумҳурӣ беш аз 300 ҳазор тонна помидор истеҳсол шуд. Ба гуфтаи ӯ, бо дарназардошти ин ки талаботи як нафар солона 20 кило помидорро ташкил медиҳад, ин рақам бештар аз талаботи мавҷуда мебошад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ дар посух ба суоли хабарнигорон вобаста ба шикояти кишоварзон дар мавриди пайдо шудани ҳашароте, ки ба помидор зиён мерасонад, гуфт, имсол чунин мушкил пеш намеояд. Ба қавли вазир, чун зимистони 2015-2016 хеле гарм омад аксар ҳашароту кирмҳо нест нашуда, ба ниҳолҳо дар баҳор таъсир расониданд: “Имсол зимистон хуб омада истодааст ва ҳамчунин мо доруҳои зидди ҳашаротро омода кардем”.

Ин дар ҳолест, ки ду соли ахир кишоварзон аз пайдо шудани кирмҳое, ки ба помидор зарар мерасонанд, шикоят мекунанд. Акобир, як сокини ноҳияи Файзобод мегӯяд, бар асари пайдо шудани кирм деҳқонон зиён диданд: “Чанд намуд кирм пайдо шудааст, ки помидорро мисли ғалбер сурох мекунанд. Бо нархҳои гарон 7-8 намуд доруҳоро харидем, аммо фоида накард. Мо аслан аз рӯи фурӯши ҳамин маҳсулот зиндагиро пеш мебурдем, аммо имсол баръакс зарар дидем”.

Кишоварзон мегӯянд, бар асари ин мушкил натавонистанд маҳсулоти зарурии босифатро ба бозор бароранд ва ин ба боло рафтани нархи помидор сабаб шуд. Аммо вазири кишоварзӣ мегӯяд, ҳоло арзиши помидор дар бозори истеъмолӣ нисбат ба соли қаблӣ хело арзон мебошад.

Мӯҳр
Хоча
Дехконони мухтарам худо гуед ки хар сол зимистон сардтар биёяд, зеро ба гуфтаи вазир дар сарди хашаротхо мемиранд. Агар худо накунаду дуояшон мустачоб шавад аз сарди худи дехконон мемиранд. Вассалом проблема халллллллллл..........

мухтарам вазир барои чй дуруги махз мегуед нисбати истехсоли помидор, мебахшед Рохбар Костим хам нисбати истехсоли картошка як бор гуфта буд ва ин дуруг ......, холо помидори покистону узбекистон набошад нархи он ба 30 сомон мерасад, агар аз талабот зиед истехсол карда бошед бигуед чй кадар содирот намудед, малумоти омориатон дуруг аст ин холат дар истехсоли пахта хам буд кй 2-3 сол пештар зиеда аз 100 хазор тн изофа нависй муайян гуда буд брз хамин ракамхо ба заминхои наздихавлигй аст гуед.

ман нафахмидам ин вазир мегуяд хосили помидор аз накша зиёд истехсол шуд дехконон мегуянд зарар дидем мухтарам хабарнигор ба кадом чавоби инхо бовар кунам ё ин ки мутолиа накунам бехтар аст чи?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)