Бахшҳо
21 янв 2017 14:01Тоҷикистон / Сиёсат

Гардиши нав дар қазия Хованск: Касе дар куштор айбдор нашуд

Иттиҳоми куштор алайҳи ташкилкунандагони муноқишаи Хованск, ки 14-уми майи соли 2016 бо марги се тоҷик анҷомида буд, бекор карда шудааст.

Дар ин бора Михаил Карапетян, вакили дифои яке аз муттаҳамон ба “Интерфакс” иттилоъ дода, афзуд, ки аз ҷумла иттиҳоми куштор алайҳи Юрий Чабуев, раҳбари пешини қабристони “Хованское”, Александр Бочарников, ҳуқуқшиноси ширкати “Техэнергосервис” ва Александр Бочарников, роҳбари фирории ташкилоти “"Здоровая нация" бекор гардида, ҳамаашон дар авбошӣ айбдор мешаванд: “Ронанда Миарбек Вадуев низ барои қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ тибқи моддаи 111-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор дониста мешавад”.

Ба гуфтаи Карапетян дар ҳоли ҳозир қотили бевосита муайян нашуда, тафтиши парвандаи куштор алайҳи нафари номаълум идома дорад: “Умедворем, тафтишот гунаҳкори бевосита дар кушторро пайдо хоҳад кард”.

Охири моҳи декабри соли гузашта Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба ин қазия 6 нафарро таҳти пайгард қарор дода буд.

Инчунин додгоҳ моҳи ноябри соли 2016 муҳлати ҳабси муттаҳамон дар қазияи Хованск- Юрий Чубаев, Сергей Козлов, Владимир Колесников, Элбек Вадуев, Никита Мошенко, Артур Ҳоҷихонов, Бочарников, Вадуев, Александр Мережко, Борис Рудаков, Вячеслав Серов, Зелимхан Хамзатханов, Элихану Яҳёев ва Леч Яҳёевро то 14-уми март тамдид карда буд.

Қаблан “Комерсант” аз қавли манобеяш навишта буд, ки барои муфаттишон то ҳол ҷузъиёти марги Суҳроб Хушаков, яке аз се шаҳрванди кушташудаи Тоҷикистон дар Хованск рӯшан нест: “Ташхиси аввалия нишон дод, ки Хушаков аз қалбаш тир хӯрда ҷон додааст. Аммо ҷасадаш на дар қабристони марказии Хованск, балки дар шимоли он ёфт шудааст, ки роҳи пиёдагард аз макони муноқиша то ҷои дарёфти ҷасад як соат вақт мегирад”.

Тибқи навиштаи “Комерсант” ташхисгари судӣ изҳори шубҳа кардааст, ки Хушакови 26-сола ба муноқишаи 14-уми май рабт дорад ва эҳтимол ӯ шаби пеш аз муноқиша кушта шудааст: “Ду нафари дигар-Ризоев Иноят Қаноатович соли таваллудаш 1977 ва Собиров Сайнуриддин Нозилович соли таваллудаш 1974 зери чархи мошини аъзои “Здоровая нация” ба ҳалокат расидаанд”.

Дар ҳоле, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҳадафи ҳамла қарор гирифта буданд мақомоти Русия 5 тоҷик - Бӯриев Ҳоҷиқурбон Фозилович, Чақалов Ҷомӣ Хоҷаевич, Юнусов Диловар Муҳаббатович, Аҳмадов Шоймардон Аъзамович ва Садриддинов Раҳмиддин Бадриддиновичро бо иттиҳоми авбошӣ ба ҳабс гирифта буд ва тафтишот алайҳи онҳо низ феълан идома дорад.
Мӯҳр
Точик
Дар Русия саг кадр дора точик не! То кай Точикистони мо мустамликаи ино мешавем?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)