Бахшҳо
25 янв 2017 13:40Тоҷикистон / Тема дня

Мукофоти Мирзиёев ба 2 масъули фарҳангии тоҷикон дар Узбакистон

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури тозаинтихоби Узбакистон дар баробари гуруҳе аз фаъолони марказҳои фарҳангӣ ба ду масъули марказҳои фарҳангии тоҷикон низ мукофоти давлатӣ тақдим кардааст.

Дар ин бора торнамои Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Узбакистон хабар додааст.

Ин мукофотҳоро Шавкат Мирзиёев дар маросими таҷлил аз 25-умин солгарди ташкили Маркази ҷумҳурявии фарҳангии байналмилалӣ супурдааст.
Бар асоси иттилои манбаъ Мирзиёев ба Абдурасул Эргашев, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Қашқадарё, профессори кафедраи фанновариҳои рақамӣ ва худкори Донишкадаи муҳандисиву иқтисодии Қашқадарё ордени “Дӯстлик” ва ба Анвар Муродов, яке аз фаъолони Маркази миллии фарҳангии тоҷикони вилояти Намангон, хабарнигори нашрияи “Овози тоҷик” медоли “Шуҳрат” тақдим намудааст.

Зимни суханронии худ дар ин маросим Шавкат Мирзиёев зикр кардааст, ки дар Узбакистон 137 маркази миллии фарҳангӣ вуҷуд дорад, ки нақши боризе дар таъмини фазои таҳаммулпазирӣ мегузоранд.

Дар ин маросим раисҷумҳури Узбакистон супориш додааст, ки бинои “Узбекенгилсаноат”-ро ба “Қасри дӯстӣ” ва Боғи Бобурро ба “Боғи дӯстӣ” номгардон кунанд. Ба навиштаи манбаъ ба номи Бобур боғи наве, ки дар ноҳияи Мирзо-Улуғбеки Тошканд бунёд мешавад дар ҷашни Наврӯзи имсол гузошта мешавад.

Мирзиёев ҳамчунин гуфтааст, ки бояд пажуҳишгоҳҳои Академияи улуми Узбакистон ба таҳқиқи вижагиҳои фарҳанг ва расму одоти миллатҳои Узбакистон барои рушд ва ҳамоҳангии байни қавмҳо пардозад.

Ҳамчунин раисҷумҳури Узбакистон пешниҳод кардааст, ки консерту намоишҳои марказҳои гуногуни қавмҳои Узбакистон ба таври даврӣ баргузор карда шавад.
Мӯҳр
Солех
"Маладес!!!" Гап нест.

Офарин!Ана ин гуна рафтор,рафтори дустонаву ҳамсоягӣ аст!

hfbc
Офарин Хамсояхо. Ин икдом а бузургии шумо далолат мекунад.

Зафар
Эхтироми беандозаи мардуми точикро кабул кунед мухтарам Шавкат Мирзиёев ва хар икдоме, ки барои пойдории дустии хамсоябародарон мегузоред боиси хушнудист.

Кандота бзан акаи Шавкат

Точик
Зинда бошад акаи Шавкат. Ай бачахои худмонай.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)