Амният: Назорати почта дар Тоҷикистон пурзӯр мешавад
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аз пурзӯр шудани назорати почта ба далоили амниятӣ дар кишвар хабар дод.
Ҷонибек Додометов, сардори раёсати танзими Хадамоти алоқа имрӯз, 2-юми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, назорат дар доираи қонунҳо дар бораи почта ва иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият роҳандозӣ мешавад.
Додометов гуфт, аз ҷумла назорат мешавад, то маводи барои амнияти шаҳрвандон хатарнок, маводи психотропӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва ба монанди инҳо тариқи почта ирсол нашаванд.
Ба суол, ки оё мактуби шахсии шаҳрвандон низ тафтиш мешаванд, Додометов гуфт, гарчанде чунин мактубҳо ҳам метавонанд маводи хатарнок дошта бошанд, мавриди санҷиши зиёд қарор намегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |