Бахшҳо

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон имрӯз, 9-уми феврал бо афсарони ҷавон, милисаҳои оянда ва ҷавонони гуруҳи “Пешоҳанг” мулоқот карда, онҳоро ба фаъолии бештар даъват намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ Раҳимзода дар хитоб ба ҷавонон аз ғамхории ҳукумат дар ҳаққашон зикр карда, таъкид намудааст, “ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд”.

Дар идома вазири корҳои дохилӣ барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунии террористиву экстремистӣ қайд кардааст, ки мақомоти корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро баҳри решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб роҳандозӣ намудааст.

Ба гуфтаи вазир масъалаи ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону ноболиғон ташвишовар боқӣ монда, аз ҳар узви ҷомеа тақозо карда мешавад, ки ҷиҳати пешгирӣ аз кирдору амалҳои номатлуб ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо ҷавонон боз ҳам фаъол бошанд.

Зимни вохурӣ дар баробари дигар ҷавонони гуруҳи “Пешоҳанг” Саидҷамол Муродов ва Таманно Табарова шеъри «Ба ҷавонон»"-ро ифоданок ва пурмазмун қироат намуда, ду мисраи онро ҳамчун шиор ба ҷавонон пешниҳод намуданд:

Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав,
Саросар кишвари бахту саодат, олами шодӣ!


“Озодагон” дар поин матни комили шеъри “Ба ҷавонон”-ро, ки ба гуфтаи бархе аз манобеъ аз сӯи генерал Рамазон Раҳимзода бо тахаллуси “Ниҳонӣ” навишта шудааст, пешкаши хонандагон мекунад:

Ҷавононанд ҳам меъмору ҳам наққоши оянда,
Сазоворанд бар имрӯзу бар фардои созанда.
Ба илму бо амал дар зиндагони оқилу доно,
Фидокоранд дар ободии ин мулки поянда.
Шарафманданд бо донишу бо рафтори арзанда,
Тавоноянд бо кирдору бо пиндори арзанда.
Сухангую суханронанд дар толору маҳфилҳо,
Ба минбарҳо сухандонанд бо гуфтори арзанда.
Ҷавонон, бин, муқаддас ин Ватанро ҳамчу ҷон донанд,
Шукуфоию рушди мулк аз илму адаб хонанд.
Хурофотию ифротӣ бувад оини бегона,
Агар бинанд гумроҳе, зи роҳи бад бигардонанд.
Ҷавониро далерӣ, зиракию нанг мезебад,
Ирода, руҳи солим, бозуи чун санг мезебад.
Ҷасурию фидокорӣ чу пешоҳанг мезебад.
Худафрӯзӣ ба роҳи донишу фарҳанг мезебад.
Ҷаҳони хешро месозанд дар даврони озодӣ,
Ватан гардад диёри файзу сулҳу амну ободӣ.
Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав,
Саросар кишвари бахту саодат олами шодӣ!
Ниҳонӣ

Қаблан Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба манзумаи "Дар ситоиши Пешвои Миллат” тақриз навишта буд, ки ба иттилои манобеи сомонаи “Ахбор” муаллифи манзума, ки бо тахаллуси Ниҳонӣ нашраш кардааст, дар асл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мебошад. Аммо дар дафтари матбуоти ВКД ин иттилоъро на тасдиқ ва на рад карданд.


Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)

Шеъри нави "Ниҳонӣ" барои ҷавонон: Ҷаҳони нав, замони нав, макони нав, нигоҳи нав (АКС)
Мӯҳр
Офарин! Вазир ба ин шеъри навиштаатон, Агар шеър менависед, пас инсоф хам доред. Ва нозукона мебинед хама холатро. Душманонатон аз сари рохатон дур бошанд, Худоё!

Офарин! Хеле шеъри пурмазмун, пур аз панду андарз. Чунин шеърхо ба чавонон таъсири мусби расонида, онхоро ба кору амалхои начиб талкин менамояд.

Аз ояндаи милитсаи точик ман сахт нигаронам. Окибаташон чи мешуда бошад. Оё аз илми наву мафкураи нав хабар меёфта бошанд.

Дар хакикат Рамазон Рахимзода дар баробари кори мушкил боз ба фархангу адабиёт таваччух зохир менамояд, ки шоистаи тахсин аст. Ман, ки худ дар Нишастхои матбуоти иштирок менамоям, мебинам, ки Вазири корхои дохили бо забони точики хеле равон, оммафахм ва суфта харф мезанад. Шеър дар хакикат бисёр оли ва барои чавонон бехтарин тухфа дар Соли чавонон мебошад.

Боиси ифтихораст, ки Рахимзода Рамазон Хамро имиузхо бо вучуди оне, ки дар як ниходи бисёри кораш мушкил рохбар аст бо вучуди он ба шеъру шоири вакташон меёбад. Вокеан вориси хақиқии гузаштагони сарбаландамон хаст....

Вокеан Рамазон Хамро шахси кордонанд...

ВКД ба сохаи фарханг нисбат ба баъзе вазоратхо аз чумла Вазорати фарханг зиёдтар таваччух мекунад. Вазири корхои дохили агар ин шеърро навишта бошад, дар хакикат бисёр одами фарханги будааст. Баъди хондани шеър эхтироми ман ба у зиёд шуд.

Шеър дар сатхи баланд, ба ман хамчун як чавони ватандуст бисёр писанд афтод... мувофики талаботи замон, шеъри хуб ва муфид

шахрванд
Генерал Рахимзода ба халку ватани Точикистон хизмати содиконаю софдилона карда истодааст...

Ин хуб аст, агар вазир фозил бошад. Ин маънои онро дорад, ки дар низоми куратии кишвар низ фазои маърифат чойгох дошта метавонад

Нозим
Хар кас бояд кори худаша кунад...

Хамроев
Шеьр бисьер пурмазмун пурмухтаво ва ба дарачаи оли навишта шудааст.Кадри солхои Шурави, ки хаст савияи дониши зиед дорад дар амал татбик карда ба нафьи халку Ватан хизмати шоиста карда истодааст.Офарин! МО аз чунин кадрхо фахр мекунем.

Виркан
Охир, шахру навохии кишвар пур аз дузду авбош шудааст, садхо чинояти дуздиву каллобиро аввал ошкор кунед, баъд шеъру достон нависед бехтар мешуд,

Сино
Шеър дар бораи чавонон

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)