Бахшҳо

Савол ба мири Архангелск: Тоҷикон кай меоянд?

Дар нишасти хабарии шаҳрдори Архангелс дар бораи муҳоҷирони тоҷик ҳам суҳбат шудааст.

Расонаҳои маҳаллии ин шаҳр менависанд, Иля Азовский, сардабири “Эхо севера” дар нишасти хабарии шаҳрдор вақте сухан дар бораи резиши зиёди барф рафтааст, гуфтааст, Маскав ва дигар шаҳрҳои бузурги Русияро тоҷикон тамиз мекунанд. “Ин арзон ва босифат аст. Чаро дар Архангелск тоҷикон нестанд. Кай онҳо пайдо мешаванд?”,-пурсидааст ӯ.

Игор Годзиш, шаҳрдори Архангелск посух дода, ки ӯ барои намояндаҳои ҳеч кишваре монеа эҷод намекунад: “Агар касе барои ободии шаҳрамон меояд, марҳамат. Шаҳр барои ҷалби дилхоҳ неруи корӣ монеа эҷод намекунад”.

Ин баҳсҳо дар ҳолест, ки соли 2013 ба дунболи фишорҳо болои муҳоҷирони меҳнатӣ дар пойтахти Русия РИА Новости дар гузориши видеоие аз вазъи кӯчаҳои шаҳри Маскав нақл кард, ки тайи чанд рӯзи охир дар пайи тарки кор кардани роҳрубон кӯчаҳо тамиз нашудаанд. Дар гузориши РИА Новости сокинони чанд хиёбони Маскав мегӯянд, тайи чанд рӯзи ахир тамизкорон, ки асосан муҳоҷирони корӣ будаанд, дида намешаванд. Ба гуфтаи онҳо ин тамизкорон кори худро хуб иҷро мекарданд ва кӯчаҳо ҳамеша тамиз буд, аммо баъди рафтани онҳо вазъият тағир кардааст.
Мӯҳр
йулдош
Ифтихор не , балки шарм бояд аз тамизкориии миллати куханбунёд дошта бошем.
хохиш чоп кунед

Sulton
э войи ин миллати як вактхо богуруру сарбаланд, ки имруз аз ахлоттозакунии кучахои русхои нозипараст фахр мекунад(((

Нуралишо бадахшон
Бадбахтии кор дар ин хаст ,ки калимаи точик д ар в а о - и Руссия на танхо хамчун ифодагари номи миллат Истифода мешавад.дар аксарият мавридхо афроде ки ба кучаруби заминкани ва корхои вазнину ифлос машгуланд точикашон мехонанд.Дар ин бора чанд бор бо урусхо чанчол кардем ки аксарияти хавлирубон киргизу уз беканд,лекин онхоро точик мегуянд.Хатто солхои гузашта дар газетам ,"труд"маколае бо номи"таджик-обобщенное слово"баромад,ки маьнояш хамин гуфтахои дар Боло зикр ефтаро ифода мекард.Инро шармандаги хам гуфтан намешавад.То кадом дарача мо номи неки ин миллати шарифро паст фаровардем. ин айб хаст

Muhojir
Halki jorubzan, sharmandagi!!! MO gulomi mardume,ki diruz olmonihovu holandiho hurdanu pushidan omuzondan.

Ин пасти ва имтихонро Худованд барои мо мардуми точик барои он додааст, ки мо дигаргун шавем ва мардуми боору номус шавем. Мо шарафу номуси худро гум кардаем. Бояд чахду талош намоем, ки хадди акал баъди 10 сол мардуми моро хамчун мардуми бенихоят босавод, сохибмаърифат, тараккикарда дар тамоми чахон шиносанд. Мисли Чопонихое, ки алъон яке аз миллати пешрафтатарини чахон ба хисоб мераванд. Хеч вакт мо набояд фаромуш созем, ки мо як миллат хастем. Як миллати аз чихати географи хеле хурд хастем. Барои чи мо бояд якдигарро паст занем, ту кулоби, ту дангараги, ту помири, ту хучанди, ту каротегини. Ин аст бадбахтии мо, пастии мо....Мо вахдату муттахиди надорем, моро хеч кас хурмату иззат намекунад. Вакте мо мебинем, ки як шахрванди Точикистон хору залил аст, хеч кас чуръат намекунад, ки ёрии худро расонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)